АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
СУЛТОНМУРОДИ ОДИНА
Султонмуроди Одина 3-ноябри соли 1950 дар деҳаи Кўҳони шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, дар парваришгоҳҳои ноҳияҳои Шаҳринав, Ленин (ҳоло Рўдакӣ), мактабҳои рақами 56 (имрўза 21) ва 12- и ноҳияи Ҳисор соҳиби маълумоти миёна шудааст. Аз соли 1972 муаллим, муовини директори мактаб , директори мактаб ва аз соли 1980 дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кор кардааст. Ҳамчунин солҳои 1990–1992 ва солҳои 1993– 1994 ба ҳайъати комиссияи таҳияи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуда, солҳои 1994–2000 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Ў сенздаҳ даъват вакили Маҷлиси вакилони халқ интихоб шудааст. Таъсисдиҳандаи маҷаллаи “Маорифи Ҳисор”, роҳбари гурўҳи кории таҳияи “Донишномаи Ҳисор” буд.
Аз соли 2012 сармуҳаррири маҷаллаи “Ҳисори зарнисор”мебошад.
Ба кори эҷодӣ аз ҷавонӣ шуғл дошта, аввалин ҳикояҳояш соли 1964 дар маҷаллаи “Пионер” чоп шудаанд. Минбаъд навиштаҳояш дар матбуот, дар китобҳои дастҷамъӣ ва алоҳида ба табъ расидаанд.
Қисса, шеър, ҳикоя, асарҳои саҳнавӣ, публитсистӣ, ҳуқуқӣ ва таълимию тарбиявӣ эҷод карда, 66 китобаш ба табъ расидаанд.
Асарҳояш бо забони ўзбекӣ ва русӣ тарҷума шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё