АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Ў дар матбуоти даврии кишвар ва берун аз он беш аз 200 мақола ба табъ расонида, мураттиби беш аз 19 китоб аст ва ба беш аз сад китоб муҳаррирӣ кардааст.
Унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистонро дорад.
Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва конфедератсияи байналмилалии рўзноманигорон мебошад.
Барандаи ҷоизаҳои адабӣ ва рўзноманигории ба номи Ҳабибулло Назаров ва Муродуллоҳ Шерализода буда, бо нишонҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Сухан”, аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон, ифтихорномаҳои давлатӣ, нишони биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР қадр карда шудааст.
ДУО
Тоҷиконро сар ба сар овард ў,
Муттаҳид ақвоми моро кард ў,
Навниҳоли сулҳро парвард ў,
Мулкро ободу зебо кард ў.
Аз ту хоҳам, эй Худои меҳрубон,
Ҳомии моро ту бошӣ пуштибон.
Ў ватандору ватанпарвар бувад,
Дўстдори миллату кишвар бувад,
Марди бофарҳангу донишвар бувад,
Аз ҳар он чӣ гуфтамаш, беҳтар бувад.
Беш аз пеш, эй Худои раҳнамой,
Обрўйи раҳбари моро физой!
Ў дили озурдагонро шод кард,
Меҳани вайронаро обод кард,
Роҳу расми тозае эҷод кард,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё