АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Дарё даруни бистарам ғутта мезанад
(Сиёвуш)
Қадаҳ лабрез бинмоям ман аз паймонаи дарё,
Ба гўши дил фурў резам кунун афсонаи дарё.
Мани шўридаавзоро ба дарё нисбате бошад,
Ки сар бар санги соҳил мезанад девонаи дарё.
Ба рўйи мавҷ мерақсад тани урёни моҳ имшаб,
Хироми тозае дорад чу соҳибхонаи дарё.
Вуҷуди хастаамро роҳате гардида арзонӣ,
Ба оғўш чун кашад як дам маро ҷононаи дарё.
Хумори ташнагонро бишканад бо ҷуръае ҳар дам,
Чу соқӣ бодахоронрост арўси хонаи дарё.
Ду зулфи қиргуни ёрро дидам ба дасти ў,
Аҷаб машшотагӣ дорад ба дасташ шонаи дарё.
Дар ин шоме, ки маҳ болои дарё шир мерезад,
Маро мафтун намуда нағмаи мастонаи дарё.
Ду соҳил чун ғуломон сар ниҳода зери фармонаш,
Ба гардан мекашанд умре ҳамон завлонаи дарё.
Фурў рав андар ин дарё, ту ҳам ғаввоси маънӣ бош,
Ки чашмат хира бинмояд дуру дурдонаи дарё.
Шабонгаҳ меравад Мирзо ба уммеди дуо гуфтан,
Нишинад бар лаби соҳил, кунад шукронаи дарё.
Мастона фиғон дорам бо ёди шумо имшаб,
Ҳамсоя ба ҷон омад, аз навҳаи мо имшаб.
Дар водии нобудӣ саргашта мани танҳо,
Ай кош, расад додам бар арши Худо имшаб.
Дар ҳасрати дидорат чун миҷмари тар сўзам,
Қурбон бикунам ин тан бечуну чаро имшаб.
Султони дилам ҳастӣ, шамъи манзилам ҳастӣ,
Шукрона туро гўям, ай нури Худо, имшаб.
Эй дидаи ибратбин, то чанд нагирӣ панд,
К-ин олами фониро бахшанд ба гадо имшаб.
Дар кунҷи хароботе як хайл зи дарвешон,
Дунёи дигар созанд бо шўру шағо имшаб.
Муштоқи ҷамоли ту, бечораву ранҷурам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё