АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Ханҷари тезе ба ҷигар карду рафт.
Баски ба Мирзо сари ёрӣ надошт,
Майл ба ушшоқи дигар карду рафт.
То бар дили ғампарвари мо ҷабру ситам рафт,
Кас воқифи асрор набудӣ, чӣ алам рафт.
Ақл омаду бар гўши дилам дўш чунин гуфт:
Шукрона намо, ин ҳама аз лавҳу қалам рафт.
Ваҳ, умри азиз рафт ба сарсониву ҳайрат,
Дунболаи ў рафтаму ҳар ҷо ки қадам рафт.
Ин хандаи мо мисли саробест ба маҷлис,
Дар хилвати шаб ханда ба дарёи алам рафт.
Дуде, ки бурун ҷаста аз ин синаи пурдард,
Эй чашми худобин, бинигар то ба Адам рафт.
Олам ҳама пур гашта зи афсонаи Одам,
Дар лавҳ агар қисса ба як ҳарфу рақам рафт.
Гўянд: чӣ сон омаду рафт Пури Талабшоҳ?
Бо чашми пуроб омаду бо чеҳраи нам рафт.
Зери бори ишқ имшаб гардани ҷонам шикаст,
Дар ҷаҳони бехудиҳо ҷумла армонам шикаст.
Баски дар чашмони ў пайдо накардам меҳри хеш,
Дар лабони хушку табдор оҳи сўзонам шикаст.
Хостам з-он бода нўшам, вораҳам аз бори ғам,
Бахти бадро бингаред, ҳам ҷому паймонам шикаст.
Мисли ман ворунабахте модари гетӣ назод,
Дар талоши бахт, ёрон, ину ҳам онам шикаст.
Нозанино, баъд аз ин аз мо бипарҳез, дур бош,
З-он ки ин девонадил гулро ба гулдонам шикаст.
Раҳм бар Мирзо надорӣ, фикри уқбо кун, ту дил,
Аз пайи ишқбозиҳоят гардани ҷонам шикаст.
Гуфтам, ки: Дар чашмони ту дидам нишоне аз гунаҳ,
Гуфто: Мазан ҳарфи дурўғ, ҷурме набошад дар нигаҳ,
Гуфтам, ки: Дар ҳарду ҷаҳон васли туам буд орзу,
Гуфто: Агар хоҳӣ маро, шав ҳамнафас бо хоки раҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё