Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷилвакунон зад қадам ҷониби бўстони ман.
Хониши кабки дарӣ, қаҳ-қаҳи хайли парӣ,
Ҳаст дар ин фасли сол доруву дармони ман.
Дар лаби ҷўи равон, хайли паризодагон,
Ишваву нозе кунад он маҳи хубони ман.
Ҳимати деҳқони мо хоки сияҳ зар кунад,
Санг дигар лаъл шуд дар кафи деҳқони ман.
Меҳани озоди мо рўй ба нашъунамост,
Шукри саодат кунад пири сухандони ман.


Эй ошиқи шўрида аз мадраса берун шав,
Дар ҳалқаи риндон шин, дар ишқ чу Маҷнун шав.
Хоҳӣ, ки ҷалло бинӣ, дидори Худо бинӣ,
Аз савмаа берун рав, дар майкада маскун шав.
Як қатраи об астӣ, ғофил ту ба хоб астӣ,
Риндӣ куну шайдоӣ, аз қатра ту Ҷайҳун шав.
Нафс асту Заҳҳок охир, баркан сари моронаш,
Мардона ҷидоле кун, ҳамсанги Фаридун шав.
Аз бодаи Шоҳмансур сад ҷом бинўш ҳар шаб,
Девонаву бехуд бош, аз шаҳр ба ҳомун шав.
Гар панди маро гирӣ, ҳаргиз ту намемирӣ,
В-ар пунба ба гўш дорӣ, монанд ба Шамъун шав.
Дунё набувад боқӣ, пайғом бигуфт соқӣ,
Эй бехабару коно аз карда пушаймун шав.


Маст, нигори нозанин, ҷониби хона меравӣ,
Сўи сарой хонамат, шаҳри баҳона меравӣ.
Ҳастии ман барои ту, ҷону дилам фидои ту,
Ҳамраҳи хасми ман чаро моҳи ягона меравӣ?
Дарди фироқ, эй азиз, пои равон зи ман рабуд,
Баҳри ризои Ҳақ чаро пурсиши мо намеравӣ?
Синаи ман сарои ту, дидаи ман чу ҷои ту,
Товуси хушхироми ман дур зи лона меравӣ.
Дидаи ман ҷаҳони ту, синаи ман макони ту,
То ба кай, э ҳабиби ман, хона ба хона меравӣ?
Ман ки ба дом фитодаам, рў ба раҳат ниҳодаам,

пешина
аз 73
навбатӣ