Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Таҳрири беш аз 70 маҷмўа ба қалами ў мансуб буда, соли 2013 «Тазкирату-л-авлиё»-и Шайх Атторро бо хати кириллӣ ба чоп расонидааст. Равшани Ҳамроҳ соли 1989 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2010 бо ҷоизаи шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Қутбӣ Киром мушарраф гардидааст.
Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

РАҲТЎША

Ман аз кўҳ омадам бар шаҳр,
Димоғам мекунад бўи баҳорон.
Ба ту дар косаҳои чашмҳои худ
Саломи обҳои чашмаҳо овардаам имрўз
Салом, эй ёри сабзина!

Ба ту овардаам тўмори сабзи барги торонро,
Ва ҳам дар пардаҳои гўшҳоям сабт бинмуда
Ба ту овардаам як фитаи овози мурғонро,
Ба рўи боми сабзи тотину ревоҷ
Садои нарми боронро.

Қатори шаддаҳои ҳарфҳои шеърҳои худ
Биёвардам ҳамели сучу чўлиндону кокутӣ
Ҳамон тавре ки бар Маскав-ба Бону
Ҳамели мағз мебурдаст Лоҳутӣ...

МЕЛОДИ МАН

Ман аз баҳори модарам дуздида омадам,
Бар ин баҳорхонаи пурнақшу пурнигор.

пешина
аз 73
навбатӣ