АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Надонам аз гитору торҳои зарҳалии Офтоб акнун
Ба гўши сабзаву себаргаи саҳро
Кадом оҳанги нотакрор мерезад?
Надонам бо кулоҳи оҳарияш хоч
Кадом оҳанги табли раъдро фаҳмида мехезад?
Намедонам ба гўши роваҳо борон чӣ мегўяд?
Надонам бар саволи абрҳо торон чӣ мегўяд?
Хуш он кас, ки саҳартар хезад аз шабнам, Гузорад ҳамраҳи мурғон намози бомдодашро.
Равад бар мактаби саҳрову донишгоҳи боғу маҳфили гулҳо, Кунад таҳлил ин дарси кушодашро.
ЧАШМИ ГУЛ
Дар чунин субҳе, ки ҳар як мурғ бигзорад намоз,
Дар чунин ҳолат, ки ҳар як мурғ мехонад Забур,
Ман намози мурғаконро гўш карда,
Носабурам, носабур.
Ин саҳар дарёи кўҳӣ Боязиди сонӣ аст,
Меравад андар суроғи ёри худ.
Ман тиловатҳои дарёро шунида,
Меравам аз худ.
Дар чунин фасле, ки гул чашмаш кушод,
Эй Худо, чашмам кушо.
То бихонам сафҳаҳои баргҳоро.
То бубинам акси ту дар ҷоми гул,
Офтобо, рў намо!
Дар чунин соат, ки занбўри асал масти гул аст,
Ҳайф меояд зи ҳушёрӣ маро.
Ин дарахти пир як рўҳонияст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё