АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Дар батнатон бимурд?!
Ё ин ки аз палидиҳо ин хок шуд палид,
Бар домани намозии ин хок ҷо намонд?
Тарсонданист ё Худо ин қавмро зи худ,
Чун дар сиришти бандагон тарс аз Худо намонд?!
Аз синаҳои сабзи ту, эй абр, аз чӣ рў,
Бар коми тифли сабзаҳо шире намечакад?
Гирам, ки ман ҷавонаму ҷурмам бувад фузун,
Борон чаро ба ҳотаи пире намечакад?!
Мурдаст шамъи лолаву гул бе чароғи ту,
Эй барқи кўр, бешарар аз чист чашми ту?
Табли сафеди хоч ҳам аз хок сар назад,
Эй раъди гунг, аз садо мондаст хашми ту.
То кай ба рўзи хушкатон ман гиря мекунам,
Эй абрҳои зунг?!
То кай ба шоми торатон сўзам чу шабчароғ,
Эй барқҳои кўр?!
То кай ба гўши каратон сар медиҳам фиғон,
Эй раъдҳои гунг?!
ХОБИ САҲАР
Саҳар Шайтон ба болои ману ту пўстинашро бипартояд, Ки рўҳи коҳили мо дар саҳаргоҳон биосояд.
Тани мо зери ин кўҳи гарони хоби мо монад, Ба вақти қисмати нону насиби хеш мо ғофил шавем аз Ҳақ, Бимонад кори мо аз рушду аз равнақ.
Саҳар Шайтон ба бехи гўшҳомон пунба мекорад, Ки гўши мо садое аз Хурўси арши аъло нашнавад, эй дўст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё