АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Ту модарию хоҳарӣ, ту ҳамсарию дилбарӣ,
Ту меҳрубон, ту эркаю ҷаҳони роз-духтарӣ.
Туро Худо барои офаридан офаридааст,
Аминию амонӣ ту, Худойро паямбарӣ.
Шиносномаи фалак ба номи ту зада рақам,
Бар ин самою ин самак ту ганҷи бахтоварӣ.
Ту ибтидои зиндагӣ, ту интиҳои оҳи ҷон,
Ҷаҳони бекаронаро ба дўши хеш мебарӣ.
Танўри хонадонӣ ту, сахою файзи хонӣ ту,
Ҳаёти ҷовидонаро ту раҳнамою раҳбарӣ.
Ту шодии ҳаётию ғами ҷаҳон ба дўши туст,
Муборакӣ, муқаддасӣ, ба Офтоб ҳамбарӣ.
Ба вазни исми поки ту куҷо сухан ба ҷуз аз ин-
Ту модарӣ, ту модарӣ, ту модарӣ, ту модарӣ!
ДАР ЗИЁРАТИ ДЕҲАИ СОРБОҒ
Ба ёди Боқӣ Раҳимзода
Қариби синну соли ў расида
Насибам гашт сайри Сорбоғаш.
Ба боми хонаи деҳот номаш,
Ҳамегуфто: “Аз ин ҷо ҷў суроғаш”.
Ба ёд омад, ки ў бишнида шеърам
Бигуфто: “Бештар бинвису омўз.
Сухан майдони пуршебу фароз аст,
Биёбӣ ганҷ, агар ҷўйӣ шабу рўз”.
Калон метофт чашмаш пушти айнак
Ба мисли Офтоби нурбахшо.
Сухан мегуфт канда бо ҳарорат
Зи шеъру шоирии пурмуаммо.....
...Кунун дар Сорбоғаш сайр дорам,
Биҷуста сори зарринболи хушхон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё