Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат

ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ ВА ҲИФЗИ ТАБИАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе-2007
Курси мухтасари лексия аз фанни «Асосҳои маркетинг» аз ҷониби дотсенти кафедраи «Менеҷмент ва соҳибкорӣ», Корманди шоистаи Тоҷикистон Мадаминов Абдурахим
Асрорович тартиб дода шудааст.

Дар курси мухтасар тартиби мутолиаи ҳар як мавзўъ (аз фанни «Асосҳои маркетинг») бо забони оддӣ ва оммафаҳм бо мисолҳои корхонаҳои (фирмаҳои) Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ ба ҳаёти реалӣ мутобиқ буда оварда шуда, усулҳои тезтар ва мукаммалтар азхудкунии онҳо пешбинӣ шудаанд.

Курси мухтасари лексия аз тарафи шўрои методии Донишгоҳи аграрии
Тоҷикистон (протокол № 4 аз 13.04.2007) барои донишҷўёни ҳамаи ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ, хусусан факултетҳои иқтисодӣ, ҳисоби бухгалтерӣ ва молия, инчунин агробизнеси ДАТ ҳамчун дастури таълимӣ ( китоби дарсӣ) маъқул дониста шуда ба чоп тавсия карда шудааст.
Сарсухан

Дар дунёи мураккаби имрўза ҳамаи мо бояд оид ба фаъолияти бозор фаҳмиши мукаммал дошта бошем. Мо бояд донем, ки бозор чист, ва он чӣ гуна фаъолият мекунад, мавҷудоти ў чи тавр аст, зарурати он дар чист? Мо, ҳамчун истеъмолкунанда, ё худ шаҳрванди оддӣ ҷои худро дар бозор (маркетинг) дарк карда тавонем. Киҳо доимо ҳаракат мекунанд, ки ба мо чизеро фурўшанд ва мо бояд усулҳои фуруше, ки истифода бурда мешавад, донем. Донистани маркетинг имконият медиҳад, ки чи хел мо боақлона ҳамчун истеъмолкунанда рафтор кунем, новобаста аз он ки чиро харидорӣ менамоем.
Маркетинг барои ходимони касбии бозор ба монанди коммивояжорро (агенти сайёри савдо), чаканафурўшон, коргарони реклама, тадқиқотчиёни маркетинг ва дигарон фанни асосӣ ба шумор меравад. Онҳо бояд донанд, ки чи тавр бозорро тасвир кард, ба гурўҳҳои алоҳида ҷудо кард; чи тавр ба мўҳтоҷӣ зарурат ва афзалияти истеъмолии бозори мақсаднок баҳо дод; чи тавр молҳоро ихтироъ кард, ки дар бозор соҳиби хусусиятҳои истеъмолии зарурӣ дошта бошанд; чи тавр ба воситаи нарх идеяи (пояи) қиммати молҳоро ба истеъмолкунанда дастрас намуд; чи тавр миёнаравҳои бомаҳоратро интихоб кард, ки мол дастраси оммаи васеъ гардад; чи тавр молро намоиш (реклама ) дод, ба пеш бурд, то ки истеъмолкунанда маълумоти кофӣ пайдо намуда, майли харидорӣ кунад. Ходими касбии бозор бешубҳа дониши васеъ ва маҳорати баланди касбӣ дошта бошад.
Аз ин ҷо маълум шуда истодааст, ки принсипҳои асосии маркетингро аз худ намояд, то ки кадом намуди молро бо кадом сифат, ба кадом қисми ҷудогонаи бозор пешниҳод намояд, ки харидор яъне истеъмолкунанда онҳоро фавран харидорӣ кунад.
Дар ин ҳолат фурўшанда ба натиҷаи дилхоҳ ноил шуда метавонад.
Асосҳои иҷтимоии маркетинг (ба таври кўтоҳ) 1. Маъно ва моҳияти маркетинг 2. Принсипҳои асосии маркетинг 3. Иштирокчиёни асосии маркетинг 4. Мақсадҳои системаи маркетинг 1. Маъно ва моҳияти маркетинг Маркетинг аз калимаи ангилисӣ гирифта шада маънояш ҳаракат ё худ фаъолият дар бозор мебошад.
Баъзе иштирокчиён то имрўз фикр мекарданд, ки маркетинг бояд дар он мамлакатҳо истифода бурда шавад, ки дар онҷо истеҳсоли маҳсулот назар ба талабот зиёд аст. Албатта, ин ақида на он қадар дуруст аст, чунки омўхтани ин фан дар он мамлакатҳое, ки пешниҳод аз талабот кам аст айни муддаост. Исботи кўтоҳи ин ақида дар он аст, ки маркетинг (маркетологҳои корхона- фирма) бояд бозорро муфассал омўхта фаъолияти корхонаро барои зиёд кардани пешниҳод, яъне таъминоти пурраи хоҳиши қаноатманди харидорон равона созанд.
Аз ин ҷо маркетинг ин намуди фаъолияти инсонӣ буда ба воситаи мубодила (ивазкунӣ) барои қонеъ гардонидани мўҳтоҷӣ ва талаботи мардум равона карда шудааст.
Барои пурратар фаҳмонида додани ин таърифи маркетинг дида баромадани мафҳумҳои элементҳои зерин заруранд:

  1. Мўҳтоҷӣ 2. Талабот 3. Зарурат 4. Мол 5. Мубодила 6. Муомила 7. Бозор Агар ба ин элементҳо пурратар андеша карданӣ шавем, он гоҳ маънои ҳар яки онҳоро бояд муфассал донем.
аз 91
навбатӣ