АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Ҳиссиёти инсоние, ки норасоии чизеро эҳсос мекунад, мўҳтоҷӣ номида мешавад.
Дар инҷо, аз ҳаёти реалии мисолҳои бисёр овардан мумкин …
Мўҳтоҷие, ки шакли махсусро вобаста ба дараҷаи маданият ва шахсияти инсон қабул мекунад талабот номида мешавад.
Гуфтан лозим аст, ки шахсони дараҷаи баланди маданият дошта бо кадом молҳо ва шахсони дараҷаи баланди маданият надошта ба кадом гурўҳи молҳо, эҳтиёҷ доранд.
Талаботе, ки имконияти ҳаракат гирифтани ягон мол аз тарафи харидор вобаста аст, зарурат номида мешавад.
Мисол: донишҷўён барои харида гирифтани кадом намуд молҳо имконият доранд, агар даромади миёнаи моҳонаи онҳо 50 сомонӣ бошад?
Ҳамаи он чизе, ки талабот ва мўҳтоҷиро қонеъ мекунонад ва ба бозор барои ҷалб кардани диққати харидорон харида гирифтан, истеъмол кардан ва истифода бурдан пешниҳод карда мешаванд, мол номида мешавад.
Аз нуқтаи назари таъминоти хоҳиши қаноатмандӣ ҳамаи молҳо ба 3 гурўҳ тақсим мешаванд:
- молҳое, ки хоҳиши қаноатмандиро пурра таъмин мекунанд, молҳои идеалӣ номида мешаванд;
- молҳое, ки хоҳиши қаонатмандиро қисман таъмин мекунанд;
- молҳое, ки хоҳиши қаноатмандиро таъмин намекунанд (албатта дар як вақти муайян).
Аз рўи ҳар се гурўҳи молҳо мисол оварда ба донишўён фаҳмонида додан шарт аст.
Амалиёти гирифтани объекти хоҳиш аз касе ва пешниҳоди чизи дигаре ба ў мубодила номида мешавад.
Мубодилаи ихтиёрӣ дар натиҷаи риоя кардани 5 шарти асосӣ содир мешавад.
Дар лексия бояд оид ба ҳар як шарт мисол оварда ба донишҷў фаҳмонида додан зарур аст.
Мубодилаи тиҷоратии қимматҳои баробардоштаи байни ду тараф муомила номида мешавад.
Муомила ҳам дар натиҷаи ба назар гирифтани 4 шарти асосӣ содир мешавад, ки фаҳмонида додани ҳар яки онҳо заруранд.
Якҷоягии (маҷмўаи) харидорони ҳозирбуда ва потенциали молҳо бозор номида мешавад.
Дар ин ҷо барои донишҷўён ба таври кўтоҳ бояд намудҳои бозорро фаҳмонида дод.
- Принсипҳои асосии маркетинг
Ба ҳама маълум аст, ки дар бозорҳои мамлакатҳои тараққикардаи дунё рақобат тезу тунд аст. Дар ҳамин шароит корхона(фирма) бояд ҷои холигии бозорро ёфта фаъолияти худро оғоз кунад.
Барои дар ин гуна бозорҳо бомуваффақият фаъолият кардан, корхона (фирма) бояд принсипҳои асосии зеринро истифода барад:
-
Мақсаднокӣ барои ноилшавӣ ба натиҷаи охирини амалии фаъолияти истеҳсолию-тиҷоратии содиротӣ, яъне банд кардани қисми муайяни бозори берунӣ, мувофиқи мақсадҳои дуру дарозе, ки корхонаи содиротӣ дар назари худ гузоштааст.
-
Самти амал (нигаронидашавӣ), ин мақсади як дақиқина набуда, балки натиҷаи кори дуру дарози маркетингӣ аст. Ин барои тадқиқоти дурбинӣ диққати махсусро талаб мекунад, ки дар асоси натиҷаҳои ў мол ва бозори нав кор карда баромада мешавад, то ки онҳо даромаднокии баланди фаъолияти иқтисодии берунаро таъмин намоянд.
-
Истифодабарии якҷояи тактика ва стратегияи ба талаботи харидорони потенсиалӣ мутобиқшавӣ ва таъсири якбораи мақсаднок ба онҳо.
Дар ин ҷо бо мисолҳо аз ҳаёти ҷумҳурӣ доир ба ҳар яки ин принсипҳо, аҳамият ва равандҳои истифодабарии онҳоро муфассал фаҳмонида додан зарур аст. Хуб мешуд, ки мисолҳои оварда шуда соҳаҳои гуногуни кишоварзиро дарбар мегирифтанд.
- Иштирокчиёни асосии маркетинг
Ба ҳама маълум аст, ки маркетинг пеш аз ҳама манфиатҳои харидорон, фурўшандагон ва шаҳрвандони оддиро дарбар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё