Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Фирма-мутаххассисон- дорои намудҳои гуногуни воситаҳои нақлиёт буда, молҳои фирмаро (корхонаро) аз як ҷой ба ҷои дигар бурда мерасонад. Ин фирмаҳо-миёнаравҳо дар ҷойҳои гуногун амборҳои зарурӣ дошта, моли истеҳсолкунандагонро дар онҷо ҷамъ мекунанд ва нигоҳ медоранд.

Истеҳсолкунанда, яъне фурўшанда бояд воситаи наклиётро аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва маркетингӣ интихоб кунад. Дар ҳолати интихоби нақлиёт аз рўи ин усул фирма(корхона) метавонад ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавад.

Шўъбае (агенства), ки хизмати маркетингиро адо менамояд, бояд дар натиҷаи гузаронидани тадқиқот ва омўхтани ҳолати бозорҳои гуногун ба фирма маслиҳати фоидаовар оид ба пешниҳоди мол ба бозор конкретӣ диҳад. Шўъба вазифадор бошад, ки ў кадом намуди хизматрасониро иҷро карда метавонад, яъне ҳамаи талаботи истехсолкунандаро (фурўшандаро) оид ба хизмати маркетингӣ адо карда метавонад ё не? Дар баъзе ҳолатҳо мумкин аст, ки хизмати маркетингии шўъбаи дигар лозим мешавад.

Хизмати муассисаҳои қарздиҳию молиявӣ барои истеҳсолкунада (фурўшанда), аз маблағдиҳӣ барои содиршавии муомила ва суғуртаи хеш аз хавфи (риск) тасодуфӣ дар вақти хариду фурўши молҳо иборат аст.

Муайян карда шудааст, ки дар давраи муносибати бозорӣ, ҳар як фирма (корхона) ба рақобат дучор шуда метавонад, чунки истеҳсолкунандагон молҳои бисёри якхеларо ба бозор пешниҳод менамоянд. Нагуфта намонад, ки на ҳама вақт дар ҳолати дар бозор бисёр будани фурўшанда рақобати ҳақиқи ҳис карда намешавад. Мисол: истеҳсолоти асосии даҳ фирмаи пойафзодўзии дар ш.Душанбе мавҷуд буда, 15 млн. ҷуфт пойафзол истеҳсол намуда ба бозори дохилӣ пешниҳод мекунанд. Дар натиҷаи дуруст наомўхтани моли истеҳсолшуда, пешакӣ тасдиқ мекунем, ки инҷо рақобат ба дараҷаи зарурӣ вуҷуд дорад. Аммо др натиҷаи таҳлили чуқури пойафзоли истеҳсолшуда метавонем гуфт, ки бисёрии намудҳои вай ба ҳар як сокини Тоҷикистон як ҷуфти ҳам истеҳсол нашудааст, яъне рақобат дида намешавад.

Бинобар он бояд ҳар як иштирокчии бозор таърифи рақобатро дуруст донад. Ду ва зиёда фирмае (корхонае), ки аз нуқтаи назари истифодабарӣ молҳои якхела истеҳсол намуда ба як бозор пешниҳод мекунанд рақобат номида мешавад. Рақобат дар бозор бо сабаҳои гуногун пайдо шуда метавонад. Мисол: аз рўи меъёр, дар як сол барои сокнинони Тоҷикистон 315 ҳазор тонна картошка ҳамчун маҳсулоти хўрокворӣ зарур аст.
Истеҳсоли ин намуд маҳсулот дар соли 2006 ба 574 ҳазор тонна расонида шуд. Агар ҳамаи ин маҳсулот ба бозор (ғайр аз картошкаи тухмӣ) пешниҳод карда шавад, бозор ба чи ҳолат гирифтор мешавад?

пешина
аз 91
навбатӣ