АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Фурўшандагони мобайнӣ бо молҳои саноатӣ вазнин, мошинасозӣ ва таҷҳизотҳои мураккаб кордор нестанд. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо фармоиши индивидуалии харидоронро баҷо меоранд. Ҳозир аксарияти молҳо ба фурўшандагони мобайнӣ фурўхта мешавад, пас онҳо фурўши онҳоро ба харидорони охирин ташкил мекунанд.
Ба монанди бисёр ташкилотҳо фурўшандагони мобайнӣ бояд аз кадом таъминкунанда,бо кадом нарх, бо кадом шарт харидани молҳоро интихоб кунанд. Ба ғайр аз ин онҳо қарор қабул кунанд,ки маҳз бо кадом гурўҳи мол машғул мешаванд.Ин қарор ниҳоят муҳим аст,ки мавқеи фурўшандагони мобайниро дар бозор муайян мекунанд.
Фурўшандагони мобайнӣ метавонад фақат гурўҳи молҳои ба ҳам пайвастаи (замкнутый ассортимент) як истеҳсолкунандаро фурўшанд. Вай метавонад гурўҳи молҳои сероб, яъне молҳои бисёри бо ҳам монанди истеҳсолкунандагони гуногунро фурўшад, ё худ гурўҳи васеи молҳоро савдо кунад.
Дар охир фурўшандагони мобайнӣ метавонад гурўҳи молҳои омехтаро, яъне гуногуни ба якдигар алоқа надоштагиро фурўшанд. Ин ҳолатро дар аксарияти кўчаҳою майдонҳои ш.Душанбе мушоҳида кардан мумкин аст. Бояд дарк кард, ки аз гурўҳи молҳое, ки фурўшандагони мобайнӣ интихоб мекунанд, ҳайати харидори ў аз таркиби комплекси маркетинг ва доираи таъминкунандагон вобаста аст.
Дар аксарияти ҳолатҳо барои қабули қарор оид ба хариди мол худи фурўшандагони мобайнӣ иштирок мекунанд, чунки бисёри онҳо молҳои гуногунро бо ҳаҷми кам харидорӣ мекунанд.
Ба фурўшандагони мобайнӣ низ чор гурўҳ омилҳои васеи фарогирӣ, омилҳои муносибати байнишахсӣ, омилҳои хусусияти ташкилот, омилҳои хислати индивидуалии шахсият, омилҳои асосие, ки дар вақти омўхтани саволи якўм, яъне молҳои дар саноат истифодашаванда дида баромада будем таъсир мерасонанд.
Оид ба харида гирифтани молҳои нав бошад, муносибати фурўшандагони мобайнӣ ба ақидаи харидорони молҳои дар саноат истифодашаванда рост меояд. Агар молҳои ба стандарт ҷавобгў тамом шавад, фурўшандагони мобайнӣ фаромиши такрории навбатӣ пешниҳод мекунанд. То он вақте, ки шарт, мол ва хизматтаъминкунанда талаботи фурўшандагони мобайниро қонеъ мекунанд, фармоиш ба ҳамон таъминкуннада дода мешавад.
Савол ба миён меояд. Фурўшандаи мобайнӣ дар вақти хариду фурўш нархи молро то чи андоза ҳуқуқи баланд бардоштан дорад. Дар баъзе мамлакатҳои тараққикарда нархи иловагӣ (наценок) то 25% нархи асосии молро ташкил медиҳад.
Ин ҳолатро дар мисоли бозорҳои ҷумҳурӣ фаҳмонида додан зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё