Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Мақсади ин шахсон мумкин ба якдигар муқобил ҳам бошад.
Барои дар бозор дидани мол ба фикри харидор саволҳои гуногун пайдо шуданаш мумкин:
-намуди васеи молҳо кифоя аст ё не?
-сифатнокии ин молҳо талаботи моро қонеъ кунонида метавонанд ё не?
-нархи онҳо дастрас аст ё не?
-фурўшандаи молҳо хоҳиш ба харидор ёрӣ расонидан доранд ё не?
-ин молҳо оиди сифат кафолат доранд ё не?
Саволҳои ҷавобии гуногун низ дар майнаи фурўшандагон пайдо мешавад. Ҳамаи саволҳои ҷавобӣ барои қонеъ гардонидани талаботи харидорон равона шудаанд.
Аммо миқдори харида гирифтани мол аз тарафи харидор вобаста ба сифат ва нархи онҳо аст.
4. Мақсади системаҳои маркетинг Ҳама вақт дар ҳаёти реалӣ оид ба мақсадҳои системаи маркетинг саволҳо пайдо мешаванд.
Тарзҳои гуногуни ҷавоб мавҷуданд. Котлер Ф.-профессори яке аз донишгоҳҳои ШМА чор тарзи алтернативии ҷавобҳоро пешниҳод намудааст:
-ноилшавӣ ба дараҷаи баланди максималии истеъмолӣ;
-ноилшавӣ ба дараҷаи максималии қаноатмандии истеъмолӣ;
-таъминоти максималии интихоби васеи молҳо;
-ба дараҷаи максималӣ баланд бардоштани сифати ҳаёт.
Фирмаҳо (корхонаҳо) барои ба дараҷаи истеъмоли максималӣ расидан кўшиш ва ҳаракат мекунанд, ки ба воситаҳои реклама, агентҳои савдо ҳар чи бештар моли худро фурўшанд. Мисол: рекламаи ҳаррўзаи резинкаи (сақичи) «Орбит».
Барои ба мақсади дуюм ноил шудан фирмаҳо(корхонаҳо) кўшиш мекунанд, ки хоҳиши қаноатмандиро пурра таъмин намоянд. Аммо дар бисёр ҳолатҳо бо ҳамаи намудҳои мол пурра қонеъ гардонидан ғайри имкон аст.

пешина
аз 91
навбатӣ