АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Мо таснифи зерини ниҳоят паҳншударо истифода мебарем.
Вазифаҳои (функсионалии) мубодила:
- харида гирифтан; 2. фурўхтан Вазифаҳои (функсияҳои) доимӣ 1. Нигоҳдорӣ; 2. Кашонидани бор; 3. Аз нав кор кардабароӣ.
Вазифаҳои (функсияҳои) ёрирасон 1. Стандартикунонӣ; 2. Маблағ ҷудокунӣ; 3. идоракунии хавф; 4. Омўзиши бозор.
Вазифаҳои ҳар як намуди равандҳоро бо мисолҳои мушаххас бояд шарҳ дод.
Дар вақти муайян намудани хароҷот ба маркетинг таҳлили вазифаҳои миёнаравҳои гуногун махсусан муҳим аст.
Муносибати функсионалӣ барои донистани хароҷотҳои маркетинг, молҳои гуногун фоиданоканд. Муносибати функсионалӣ се хусусияти вазифаҳои номбурдашударо дорад.
Якум, онҳо на танҳо ба хароҷоти маркетинги хурокворӣ, балки ба қиммати (нархи) маҳсулоти озуқаворӣ барои истеъмолкунандагони охирин таъсир мерасонанд.
Дуюм, бо вуҷуди он ки дар баъзе ҳолатҳо бе миёнарав муомила кардан мумкин аст, аммо худи вазифаи (функсияи) маркетинг боқӣ мемонад. Аз хизмати миёнарав даст кашидан, маънои онро дорад, ки ин вазифа ба касе (фирмаи) дигаре дода мешавад.
Сеюм, хислати ба худ хоси (махсуси) вазифаи (функсияи) маркетинг иборат аз он аст, ки онҳо дар системаи хўроквории байни фирмаҳо (корхонаҳо) озодона аз нав тақсим шуда метавонанд.
Модоме, ки фермерҳо асосан ба истеҳсолот банданд, муайян кардани ҳаҷми вазифаҳои (функсияҳои) маркетинг, ки онҳо бояд иҷро намоянд ниҳоят муҳим аст.
Муносибати инвеститсионӣ
Усули дигари таҳлил аз омўхтани мауссисаҳои гуногун ва соҳибкороне, ки раванди маркетингро ба ҷо меоранд, иборат аст. Ба маркетинг ташкилотҳои соҳибкории гуногун машғуланд ва ҳамаи онҳо ин ё он вазифаи (функсияи) миёнаравиро иҷро менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё