АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Самаранокии маркетинг максимилизатсияи мутаносибии воридоту содиротиро тахмин мекунад.
Дар маркетинг арзиши воридот-ҷамъи арзиши захираҳо мебошад. Барои истеъмолкунандагон чен кардани фоиданокии дар маркетинг пешкашшуда ниҳоят мушкил аст. Ҳамин тавр муайян кардани афзоиш ё пастравии самаранокии маркетинг мушкил мегардад. Эҳтимол ченкунандаи беҳтарини дараҷаи қаноатмандии истеъмолкунанда (содироти раванди маркетингӣ)- ин нархе, ки дар нуқтаи савдо барои маҳсулоти хўрокворӣ бо фоиданокии гуногуни маркетингии онҳо тайёранд пардохт намоянд.
Таносуби инъикоси самаранокии маркетингро бо ду роҳ зиёд кардан мумкин аст.
Ҳар як дигаргуншавии бе тағйирёбии фоиданокии маркетингӣ хароҷотро ба пастӣ мебарад ва самаранокиро баланд мебардорад; Илова намудани фоиданокиҳои нав бо афзоиши арзиши маркетингӣ низ самаранокии ўро баланд мебардорад.
Афзоиши самаранокии истҳсолӣ, дар ҳолатҳое, ки хароҷот барои маркетинг бе пастравии содирот кам мешавад, ҷой дорад. Мисол, мошинаи наве, ки сарфи меҳнат ва хароҷотро барои кор карда баромадани маҳсулоти кишоварзӣ кам мекунад.
Бисёр вақт самаранокии истеҳсолотро нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнатистеҳсоли маҳсулот ба як одам соат ифода менамояд.
Амалиётҳои механики нарх- ҷиҳати дуюми самаранокии маркетингӣ ба шумор меравад. Ў бо қобилияти системаи самаранок тақсим намудани захираҳои молиявӣ алоқаманд аст.
Барои қатъиян баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот соли 2002 сохтори ташкилии хоҷагии деҳқонии «Намуна»-и ноҳияи Турсунзода тағйир дода, хизмати маркетингӣ ҷорӣ карда шуд ин хоҷагӣ ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил дода шуд.
Ташкил додани хизмати маркетингӣ дар сохтори ташкилии идоракунии ҷамъияти саҳҳомии «Намуна» барои хеле зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат кард.
Таҳлили маълумотҳо нишон дод, ки соли 2004 (баъд аз 2 соли ҷорӣ намудани хизмати маркетингӣ) истеҳсоли ғалла назар ба соли 2001- 18,3%, пахта -15,6%, истеҳсоли маҳсулоти полезӣ-132% маротиба, шир 8,2 маротиба зиёд афзуд.
Қайд кардан лозим аст, ки соли 2004 ин корхона ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ ноил гашт. Мисол, соли 2004 аз ҳисоби фурўши маҳсулот 617,4 ҳазор сомони, ё худ 4,8 маротиба назар ба нишондиҳандаи соли 2002 фоида ба даст омад.
Сатҳи фоиданокӣ дар ду соли охир 2,4 маротиба зиёд шуд. Ҳамин тавр мутахассисоне, ки хизмати маркетингиро адо мекунанд, оид ба талаботи халқ ба маҳсулоти кишоварзӣ ва самаранокии фуруши он тадқиқотҳои касбии маркетингӣ гузаронида тавонистанд. Пас ҳар як воҳиди маҳсулоти кишоварзӣ истеъмолкунандаи охирини худро дарёфт кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё