АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

БА ГУРЎҲҲО ТАҚСИМ КАРДАНИ БОЗОР
- Принсипҳои ба гурўҳҳо тақсим кардани бозор
- Интихоби қисми (сегменти) мақсадноки бозор
- Вогузории молҳо дар бозор
Принсипҳои ба гурўҳҳо тақсим кардани бозор Фирмаҳо (корхонаҳо) дарк мекунанд, ки ҳамаи моли онҳо ба ҳамаи харидорон якбора маъқул мешавад. Харидорон ниҳоят бисёранд, онҳо васеъ паҳн шудаанд, мўҳтоҷӣ ва урфу одати онҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Хуб мешуд, ки фирмаҳо (корхонаҳо) хизмати қисмҳои гуногуни бозорро иҷро намоянд. Ҳар як фирма (корхона) бояд гурўҳи шавқовартарини бозорро пайдо кунад, то ки хизматрасонии самаранокии онҳоро таъмин карда тавонад.
Бисёрии фурўшандагон на ҳама вақт ин таҷрибаро дастгирӣ мекарданд. Нигоҳи онҳо оид ба ташкили бозор аз рўи давраҳои зерин муайян карда мешавад:
Маркетинги оилавӣ. Дар вақти истифодабарии стратегияи маркетинги оммавӣ, фурўшанда ба истеҳсоли оммавӣ, тақсимоти оммавӣ ва ҳавасмандкунии оммавии фурўши як намуди мол барои ҳамаи харидорон машғул аст. ( Мисол, компанияи «Кокакола»). Далели асосии манфиати маркетинги оммавӣ ба дараҷаи максималӣ кам кардани хароҷот, нарх ва ташкил намудани иқтидори максималии бозор иборат аст.
Маркетинги молии фарқкунанда. Дар ин ҳолат фурўшанда ду ё худ якчанд намуда, молҳо хосиятҳои гуногун, ороиши гуногун, сифати гуногун ва қарзҳои гуногундошта истеҳсол мекунад. Компанияи «Кока-кола» якчанд намуди нуқтаҳои ғайриалкоголиро бо печондан ва қадоқи ҳархела пешкаш менамояд.
Маркетинги максаднок. Дар ин ҳолат фурўшанда як ё худ якчанд гурўҳи бозорро интихоб намуда, барои ҳар як гурўҳи ҷудо карда гирифтааш мол ва комплексӣ маркетингӣ коркарда мебарояд. Мисол, нўшокии «Таб» барои касалии қанд. Барои ҳар як бозори максаднок фурўшанда метавонад моли даркорӣ кор карда барояд. Барои фарогирии самараноки гурўҳи бозор вай метавонад нарх, каналҳои тақсимот, кўшиши намоиши (реклама)-ро тартиб диҳад.
Маркетинги мақсаднок гузаронидани се чорабинии аоссиро талаб мекунад.
Якум- ба гурўҳҳо тақсим кардани бозор- тақсимкунонии бозор ба гурўҳҳои аниқи харидорон, ки ҳар яки онҳо метавонанд молҳои алоҳида ва комплекси маркетингии гуногунро талаб намоянд.
Дуюм-интихоби гурўҳҳои мақсадноки бозор: баҳодиҳӣ ва хоста гирифтани як ё якчанд гурўҳи бозор барои пешкаши моли хеш ба онҳо.
Сеюм- вогузории мол дар бозор: дар бозор молро ба мавқеи ба рақобат тобоварӣ таъмин намудан ва кор карда баромадани комплекси муфассали маркетингӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё