АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Ба фикри маркетологҳои хориҷӣ дар мамлакатҳое, ки сатҳи зиндагӣ паст аст раванди маркетинг ба таври максималӣ оддӣ карда шудааст. Қобилияти харидории қисми зиёди аҳолӣ ба харидани молҳои талаботи ҳарруза ё воситаҳои истеҳсолӣ маҳдуд аст.
Каналҳои тақсимоти мол ба тариқи максималӣ оддикунонида шудааст (дар шаҳрак бозор ва магазини ягона молҳои саноат мефўрўшад).
Мамлакате, ки сатҳи зиндагии миёна бо вусъатёбии баландӣ фаъолияти системаи маркетингӣ, каналҳое роҳи зиёди тақсимоти мол ва рушди системаи намоиш (реклама) фарқ мекунад. Бо фикри мутахассисони хориҷӣ инҷо интихобӣ мансуб аст. ( Мисол, оила аз самти яхдон ё телефизор, якеашро интихоб менамояд). Дар инҷо системаи озодӣ соҳибкорӣ тараққӣ кардааст ва истеҳсолкунандагони хурд ва миёна барои фурўш воситаҳои истеҳсолот, содироти хизмат имконияти хуб ташкил мекунанд.
Сатҳи баланди зиндагӣ барои қисми зиёди мамлакатҳои тараққикардаи Шимолу ғарбии Аврупо, Япония, давлатҳои алоҳидаи Шарқи Наздик, ШМА мансубанд. Маркетинг дар ин мамлакатҳо ифодакуннадаи вазифаи мураккаб.
Ҳамин тавр, вазъияти устувори иқтисодӣ боиси нақшаи устувори талабот ва маркетингро ба маҷмуаи усулҳои меъёрӣ табдил медиҳад. Баръакс, тағйирёбии ҳолати иқтисодӣ ба самти афзоиши даромади аҳолӣ, тарзи диверсификатсия (дигаркунонии кулли самти истеҳсолот) фавран талаб ва фаъолнокии сиёсати маркетингро зиёд мекунад.
Сатҳи прогресси илмию техникӣ
Ин ҷиҳати муҳити берунӣ ба рақамҳои мушаххас ифода намудан мушкил, аммо онҳоро дар навбати аввал дар вақти интихоби шакли ба бозор воридотшавӣ ба ҳисоб гирифтан зарур аст. Дар мамлакатҳое, ки сатҳи прогресси илмию техникӣ ва потенсиали илмию техникиашон паст, дуюми фирма (корхона)-ҳо содирот маҳсулоти дуруст, ташкили филиалҳое, ки таъминоти моддӣ аз хориҷа баҷооварда мешавад истифода мебаранд.
Дар бозори мамлакатҳое, ки соҳиби потенсиали илмию техникии баланданд, муваффақияти максималӣ дар натиҷаи истифодабарии шаклҳои гуногуни фаъолият ба даст меояд, мисол: оид ба ташкили корхонаҳои муштарак, истифодабарии технологияи маҳаллӣ, ашёи хом, ва мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ.
Шароитҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ
Баъзе давлатҳо воридот ва ба бозори хеш даромадани маблағи калони (капитал) хориҷиро хуш намекунанд, баръакс баъзе мамлакатҳо ҳавасманданд. Дар минтақаҳое, ки аҳволи асиёсӣ ноустувор, ин сабаби зарари зиёди моддӣ шуда метавонад, шароити ҳуқуқӣ фавран тағйир меёбад. Дар ин ҳолат ҳамкории дурударози мамлакатҳо мувофиқи талаб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё