Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
шинохти зайниддин маҳмуди восифӣ ва «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Ў
«Бадоеъ-ул-вақоеъ» – китоби хотироти муаллиф ва адиби бузурги поёни асри XV ва оғози асри XVI тоҷик, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар таърихи тамаддуни Вароруд (Осиёи Миёна) ва Хуросон мавқеи хосаеро дорост. Вай яке аз манбаъҳои асосии омўхтани ҳаёти пурошўби ин сарзамин дар замони зиндагии муаллиф ба шумор меравад. Муаллифи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» барои рўзгорон ва наслҳои оянда як асари беҳамто аз назари ҳунари нависандагӣ ва иншои замонаш ва пуропур аз асноди нодири таърихӣ, иҷтимоӣ, адабӣ ва маълумоти зарур роҷеъ ба ҷараёни зиндагии шаҳрҳо ва маҳалҳо, аҳли дарбор ва аҳли бозор, чеҳраи соҳибмансаб ва «косиби бенасиб», рўзгори ҳоким ва мардони ҳакимро ба сурати таснифи ҷомеи мустанад аз худ боқӣ гузоштааст.
Таълифи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-ро Восифӣ чунон ки дар навиштаи С.Айнӣ, А.Н.Болдирев ишора шудааст, тақрибан солҳои 1517-18 дар шаҳри Самарқанд шурўъ карда, дар зарфи як сол 10-11 боби онро дар ҳамон шаҳр иншо намуд.
Як қисми бузурги хотироти Восифӣ дар шаҳри Шоҳрухия, ки вай дар он ҷо 10 сол истиқомат кард, ба рўи коғаз қаламӣ шудааст.
Бахшҳои алоҳидаи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» пас аз ба Шош (Тошканд) кўчида омадани Восифӣ аз соли 1524 то 1533 таълиф шудааст. Дар солҳои 1538-39 ҳангоме ки вай устоди валиаҳди шашсола таъин шуд, ёддоштҳояшро ба номи ин хонзодаи ҷавон бахшида, дар ин бобат дар оғози китоб ишора кардааст.
Ба ҳамин тариқ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ» аз бобе шурўъ мешавад, ки вай пас аз хотима ёфтани ин таълифи доманадор иншо шудааст, Китоби хотироти Мавлоно Зайниддин Маҳмуди Восифӣ аз 46 қисм иборат аст, ки ҳар бахши онро «Гуфтор» номидааст ва чунон ки аз унвони китоб маълум мешавад, дар ин асар муаллиф воқеаҳои рўзгор ва «гуфтор»-ҳои аввали хотироти Восифӣ, саргузаштҳои вайро дар шаҳри Ҳирот ва пас аз таъқиб аҳолиро аз тарафи лашкарони Сафавӣ дар бар мегирад. Дар ин бахшҳо (ҳамчунин фирор ва мусофирии ў) бо дўстонаш ба Самарқанд, чигунагии рўзгораш дар Бухоро ва Тошканд баён ёфтааст. Ин бахши хотироташро Восифӣ то соли 1515 – то замоне, ки вай тамоман ба дарбори Келдимуҳаммад кашида шуда буд, оварда расонидааст. Ҳикоёти минбаъдаи Восифӣ ранги дигар мегирад. Зеро акнун вай дар маҷлисҳои дарбор аз воқеоти гуногуни шунидааш ва ё аз хислат ва кирдори касони машҳур қиссаҳо бояд диҳад. Ҳикояҳои Восифӣ дар ин бобҳо бо ҷавобияҳое, ки хон ҷавобан нақл намудааст, омехтаанд. Дар ин миён бисёр ҳикоёти хонданӣ дар бобати бузургони адаб ва касони маъруф омадааст. Ин ҷо бештар дар бораи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишери Навоӣ, Мирзо Улуғбек, Мавлоно Камолиддини Биноӣ, Шайх Абўалӣ Сино, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва дигарон ривоятҳои гуногун нақл шудаанд, ки як қисми онҳоро ҳикоятҳои воқеӣ гуфтан мумкин аст. Бахше аз ривоятҳои Восифӣ хусусияти тарҷумаиҳолӣ доранд, зеро онҳо шаммае аз саргузаштҳои аҷибу ғариби нависанда буда, дар ҷавонӣ ва айёми пурошўби ҳаёташ ва солҳои истилои марказҳои мадании Хуросону Мовароуннаҳр рўй додаанд.
Зайниддини Восифӣ нозир ва шоҳиди нуктабин ва ҳассос буд. Вай вуруди лашкари қизилбоши Шоҳ Исмоили Сафавиро ба шаҳри Ҳирот, тазйиқот ва ғорат, ситам ва шиканҷа, қатлу кушторҳоеро, ки бесабаб ва бо баҳонаи ихтилофоти шииву суннӣ нисбат ба аҳолии шаҳру деҳот ба вуҷуд меомад, бо чашми худ дида буд, бо қалами моҳиронааш дар бахшҳои хотиравии китобаш ба мисли аз Ҳирот ва Мусофитӣ ба Мовароуннаҳр ва қабул шуданаш ба хидмати хонони Шайбонӣ – дар Самарқанд ва Бухоро, Шоҳрухия ва Тошканд ва азобҳои рўҳие, ки аз сар гузаронида буд – ҳамаро, бо маҳорати бузурги нигорандагӣ барои таърих сабт кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё