Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Ишқи Ҳилолӣ, ки дар он идеалҳои олии инсонӣ акс ёфтаанд, фақат эҳсоси хосаи як фард – шахсияти худи шоир набуда, балки ифодаи бадеии фикру ақида, марому мақсад ва умеду орзуҳои мардум мебошад. Ишқ инчунин дар назари Бадриддин Ҳилолӣ аҳамияти тарбиявӣ касб кардааст. Ў зимни мафҳумҳои ишқӣ сифатҳои ҳамидаи инсониро сутуда, поктинатӣ, вафодорӣ, меҳрубонӣ, адолатпарвариро ба бевафоӣ, пастфитратӣ, бадахлоқӣ, бераҳмӣ ва қаллобӣ муқобил гузоштааст. Дар ғазал ва қитъаю рубоиёти Бадриддин Ҳилолӣ дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ низ ифода гардидаанд. Ў дар бисёр мавридҳо аз ҳоли парешону гирифтори дарду ғам будани худ ва беинсофию беадолатии аҳли сарват нолида, бар зидди нобаробариҳои замон сахт эътироз мекунад.
Бадриддин Ҳилолӣ дар як қитъааш бо кинояву тамасхур мегўяд, ки дуньё ба коми давлатдорону зўрон аст, танҳо ин зумраи ҷомеа ба ҳама чиз ҳуқуқ доранд, ҳар чӣ хоҳанд, мекунанд, вале одамони оддӣ ҳақиру нотавонанд, онҳо ҳамеша ранҷ кашидаанд ва азобу озори зиёде бинанд ҳам, маҷбуранд ба он тоқат кунанд, ба ҳеҷ ҷо шикоят набаранд. Бадриддин Ҳилолӣ душмани бепарвоӣ, беғамӣ ва танпарварию худпарастӣ будааст. Ў дар рубоии зерин шахсонеро, ки аз ғами халқу кишвар бехабаранд, одам нашуморидааст:
Дар олами бевафо касе хуррам нест,
Шодию нишот дар банӣ Одам нест!
Он кас, ки дар ин замона ўро ғам нест,
Ё одам нест, ё аз ин олам нест!
Масъалаи дигари иҷтимоие, ки Бадриддин Ҳилолӣ дар ашъораш ба он аҳамияти ҷиддӣ додааст, тарғиби дўстию рафоқат мебошад. Ў бахшида ба ин масъала ғазалиёте навишта, дар он нисбат ба дўстони беғараз содиқу бовафо будан ва аз онҳо ҳеҷ чизро дареғ надоштан, самимияту эҳтироми бузург парвариданро талқин менамояд. Дар ғазалиёти Бадриддин Ҳилолӣ баъзе қонуну қоидаҳои замонаш низ танқид шудаанд. Умуман ў дар ғазалҳояш образи риндро ба тақводорони риёкор муқобил гузошта, худро бебокона аз тоифаи риндон медонад.
Туро, ки ҷони манӣ, сохт нотавон рўза,
Надонам, аз чи сабаб шуд балои ҷон рўза!
Закоти ҳусни мубин сўи моҳи рўза манеҳ,
Ки ин закот басе беҳтар аст аз он рўза
Забону коми туро рўза беҳаловат сохт,
Надошт шарм аз он кому он забон рўза.
Зи бас ки бар дару бом офтоби талъати туст,
Ба хонаи ту кушодан наметавон рўза.
Расид даври гулу рўза дар миён омад,
Куҷост ид, ки бархезад аз миён рўза?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё