Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо неъмату нози бекарона,
Ҷом омаду бода дар миёна.
Соқӣ чу гирифт соғари май,
Мутриб зи нишот гуфт: «Ҳай-ҳай!»
Бархост зи гўша нағмаи уд,
В-он гоҳ зи парда рўй бинмуд.
Най ҳамчу шакарлаби ғазабнўш,
Мезад раҳи мутрибон дар оғўш.
Даф бар кафи шоҳидон чу Ноҳид,
Дар панҷаи офтоб хуршед.
Чанг аз сари дард рўй меканд,
В-аз нохуни панҷа мўй меканд.
Арбоби нишот ҳалқа баста,
Дар ҳалқаи хуррамӣ нишаста.
Асбоби нишоту айш кам на,
Шодӣ ҳама буд, ҳеҷ ғам на.
Ҷое, ки маю ҳариф пок аст,
Аз тафриқаи ҷаҳон чи бок аст?
Муфтӣ, ки шароби халк мерехт,
Таклифкунон ба ҳалқ мерехт.
Он шаҳна, ки дасти маст мебаст,
Дар хидмати маст даст мебаст.
Мискин қозӣ ба он сару риш,
Дар чанги ҳариф дошт ташвиш.
Чун дар хами чархи обнўсӣ,
Маҳ рафт ба пардаи арўсӣ.
Афрўхта гашт машъали нур,
Монанди дарахти водии Тур.
Гардид зи шамъҳои сўзон,
Шохи гули оташин фурўзон.
Баргашт зи уду анбари тар,
Чун ғунчаи лола миҷмари зар.
Баъд аз ду-се рўзи меҳмонӣ,
Як шаб ба ҳазор комронӣ.
Омад падари азизи Маҷнун,
Пеши падари арўси мавзун...

Аз иқтибоси боло бармеояд ва боз ҳам равшантар мегардад, ҳарчанд
қис саи Лайлӣ ва Маҷнун «фасонаи қадимист», вале Бадриддин Ҳилолӣ, ин
шахси маҳрум ва ҷафокашида, дар достони худ вазъияти носозгор ва нокомгори ҷомеаи замонашро ба тарзи возеҳ инъикос намудааст, ки беадолатӣ
ва ноинсофӣ, истибдод ва истисмор, тааддӣ ва набаробарӣ ва исрофкорӣ
хусусиятҳои хоси замон ва аҳли он буд. Шоир дар қитъаи боло ахлоқи шар,
риёкорӣ, тазоҳури бардурўғӣ, ба қавли худаш арбоби нишот – муфтӣ, шаҳна,
қозӣ ва намояндагони дигари аҳли замонро фошофош мазаммат ва тамасхур
кардааст. Тамоман табиист, ки чунин тарзи рафтори Бадриддин Ҳилолӣ аҳли замонро ба қаҳру ғазаб ва кинаву адоват меоварад.

пешина
аз 235
навбатӣ