Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз матни боло дида мешавад, ки Ҳасани Румлу номҳои душманони Бадриддин Ҳилолиро зикр намекунад. Аммо аз ибораи «зумрае аз аҳли ҳасад»
маълум мегардад, ки бадхоҳони шоир чандин нафар будаанд ва шубҳае намемонад, ки он гурўҳи камингирифтагони вай дар навбати аввал душманони деринаш буданд, ки барои амалӣ кардани нияти разилонаи худ ҳаҷвияи шоири ошўбгарро истифода кардаанд.
Ҳасани Румлу дар асари худ фақат як байти ҳаҷвияи Бадриддин Ҳилолиро овардааст. Аммо аз навиштаи муаллифи «Оламорои Аббосӣ» Искандари Мун шӣ бармеояд, ки Бадриддин Ҳилолӣ боз як манзумаи дигар – ҳаҷви Убайдуллохонро доштааст, зеро дар ин асари таърихӣ боз ду байт аз як рубоӣ оварда шудааст:

То чанд Убайд аз пайи молон бошӣ,
Тороҷгари мулки Хуросон бошӣ.

Чунин тахмин кардан ҷоиз аст, ки ҳаҷвиёти Бадриддин Ҳилолӣ дар ҳақ қи Убайдуллохон шояд қабл аз истилои хони Шайбонӣ шаҳри Ҳиротро гуфта шуда бошад. Хусусан ба он ҷиҳат, ки ба қалами Бадриддин Ҳилолӣ як қасидаи 12-байтии дар мадҳи Убайдуллохони Шайбонӣ нисбат дода мешавад ва тамоман ошкор аст, ки ин мадҳия аз тарс ва хабари ҷазои беамон навишта шудааст. Ба гумон мерасад, ки як байти мадҳияи мазкур:

Қалам гар дар сухан густох шуд, маъзур фармояш,
Ки мискинро ба нусрат теғи ҳарфе бар забон омад

ва як байти дигаре, ки дар «Аҳсан-ут-таворих» оварда шудааст:

Хато дар шеър мебошад, бикаш хатт бар хатои ман
Ки аз саҳв-ул-қалам афтод ё саҳв-ул-лисон омад. –

моро водор мекунонад, ки ба чунин хулоса оем, БадриддинҲилолӣ бо чунин «чораҷўӣ» аз қатли беамони яқин роҳи халосӣ ва наҷотро ҷуста буд. Вале ин гуна узру маъзарати шоир ўро аз ҷазои даҳшатнок наҷот дода натавонист ва ба ҳалли масъала фоидае набахшид. Зеро ў, бар иловаи ҳаҷвҳояш «гуноҳҳои нобахшуданӣ»-и зиёди дигаре ҳам доштааст, ки бар онҳо муаллифони ҳамзамони ў ва баъдина дар китобҳояшон ишора кардаанд. Аз гуфтаҳо ва иқтибосҳои боло ва таҳқиқоти муфассале, ки мо анҷом додаем, бармеояд, ки Бадриддин Ҳилолӣ моҳи сафари 936 ҳ. (октябри 1529) дар Чаҳорсуқи Ҳирот бо фармони Убайдуллохони Шайбонӣ ба қатл расонида шуд. Исми ҷаллод Сайфулло буд. Бино ба гуфтаи Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар «Музаккир-ул-аҳбоб» Мирак Ҳусайни Бухороӣ, ки бо ҳунари таърихгўӣ шўҳрат доштааст, ба нисбати қатли Бадриддин Ҳилолӣ низ таърих гуфта будааст, ки он беҳтарин намунаи осораш ба шумор мерафтааст:

Фориғ аз зўҳду вараъ Мулло Ҳилолиро бубин,
Он, ки ўро буд доим нолаи исёни ишқ.

пешина
аз 235
навбатӣ