Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ўҳдаи ин кор хеле кам касон баромада метавонистанд ва мафҳум аст, ки танҳо устоди забардасте ҳамчун С.Айнӣ, ки адабиёти гузаштаи халқи худ, забони ў ва ҳамаи адабиёти дар ин забон навишташударо хуб медонад, ин корро бомувафаққият анҷом дода метавонист. Асари С.Айнӣ бо далелҳои эътимоднок нишон медиҳад, ки Бедил ҳаргиз чунин касе набуд, ки аз гаҳвора то лаҳад, бетағйир монда бошад ва бинобар ин мо дар асарҳои вай дар баробари ақидаҳое, ки дар замони худаш, бешубҳа, аҳамияти калони прогрессивӣ доштанд, ҷаҳолатпарастии бемаъниро ҳам мебинем.
С.Айнӣ маъхазҳоро истифода бурда ба хонанда манзараи замони Бедилро ҳам нишон медиҳад ва равшан исбот мекунад, ки ҳаёт ва фаъолияти шоир ба воқеаҳои замони худаш чӣ андоза зич вобаста будааст. Ин ҷиҳаташ муҳим аст, ки С.Айнӣ маҳдудияти таърихии Бедилро бо таъкид қайд карда гузаштааст. Қайд кардани ин ҷиҳат аз он сабаб муҳим аст, ки дар солҳои бистум душманони халқ – миллатчиёни буржуазӣ Бедилро ба осмони муболиға бардошта материалисти том, дарвинист ва ҳатто қариб арбоби револютсия ба қалам медоданд ва дар ин ҳол тарафҳои манфии эҷодиёти ўро пардапўш мекарданд. Бедилро ҳамчун шахсе, ки дар чунон замони мудҳиш ва хунин ҷасорат карда ба ҳимояи деҳқонони хонавайроншудаи ҳинду садо баланд кардааст, ҳурмат кардан кори дигар асту ўро ҳамчун намунаи шоёни тақлид дар замони мо тасвир кардан кори дигар. С.Айнӣ дар ин китоб порчаҳои мунтахаби асари Бедилро ба хонандаи ҷавон тақдим карда, таъкид мекунад, ки онҳоро аз нуқтаи назари таърихӣ, ҳамчун ёдгори махсуси адабиёти кўҳна омўхтан лозим аст ва ҳаргиз намунаи лоиқи тақлид шумурдан дуруст нест.
Инро гаштаю баргашта таъкид кардан зарур аст, чунки мо ба адабиёти тоҷик чӣ гуна таъсири бад бахшидани «бедилизм»-ро хуб медонем.
Китоби С.Айнӣ, ба фикри мо, ба адабиётшиносони тоҷик фоидаи калон мебахшад. Намунаҳое, ки ў аз асарҳои Бедил ҷамъ кардааст, ҳамаи он чизҳои беҳтаринеро, ки аз куллиёти азими шоир пайдо кардан мумкин буд, дар бар гирифтаанд. Акнун ба тадқиқотчиёни ҷавони мо лозим намешавад, ки барои ёфта гирифтани чунин сатрҳои дар ҳақиқат гаронбаҳо худро овора карда ҳазорҳо байту мисраи кўҳнашудаи нодаркор ва душворфаҳмро аз назар гузаронанд. Ин китоб ҳамаи ин гуна порчаҳои пурқимату даркориро бо тарзи навишти саҳеҳ ва яқинашон, бо эзоҳот ва қайдҳои даркориашон ба хонанда тақдим мекунад. Ягона чизе, ки мо ба хонандагон, хусусан ба ҷавонон, хотиррасон кардан мехоҳем, он аст, ки порчаҳои дар ин ҷо намуна овардашуда беҳтарин порчаҳои осори Бедил мебошанд ва зарбулмасали машҳури «мушт намунаи хирвор аст» ба ин маврид рост намеояд, яъне тамоми қисмҳои боқимондаи куллиётро низ дар ҳамон савияи баланд аст гуфта тасаввур кардан дуруст нест.
Ба фикри ман ҳар як хонандаи имрўза бо фикрҳои ҳақиқатан баланд ва пурқимати Бедил ошно шуда борҳо таассуф мекунад, ки онҳо дар чунин як шакли печ дар печи саргарангкунанда ифода карда шудаанд. Маҳз ҳамин шакли печ дар печу душворфаҳм монеъ мешавад, ки Бедил дар таърихи адабиёти тоҷик яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол кунад.

пешина
аз 235
навбатӣ