Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
нутқи худ ишора ба савобиқи таърихии мамолики ўзбек ва Эрон намуд ва гуфт:
дар он замоне, ки Мир Алишери кабир дар қарни нўҳум ҳаёт дошт, тамоми мардуми ин кишварҳо бародарвор зиндагонӣ мекарданд. Мутаассифона дар қуруни баъд ба воситаи таассуботи фикрӣ ва ихтилофоти сиёсӣ, торафт роҳи хато паймуданд ва он риштаи меҳру робитаи улфат мунқатеъ гардид. Ва акнун ҳангоми он аст, ки дар сояи басти илму дониш занҷири робитаи ҳамсоягӣ
12 устувор ва барқарор гардад».
Алиасғари Ҳикмат дар ин ҷо мазмуни нутқи ҷавобияи худро оварда чунин хулоса кардааст: «Инҷониб низ ба навбати худ дар ҳамон маҷлис ҷавобан суханони худро муттакӣ ба яке масали тоҷикӣ (дар асл саҳван «ўзбекӣ» омадааст
– К.А.), дар атрофи он сўҳбат мешуд, хотима додам ва гуфтам: – зарбулмасал мегўяд: «Ангур зи ангур банд гирад – ҳамсоя зи ҳамсоя панд гирад» ва ин мазмуни латифа, ки ба ин шеър қобили тарҷума аст: «Ангур зи ангур агар банд (дар маҷалла «панд» – К.А.) бигирад – ҳамсоя зи ҳамсоя басе панд бигирад»
13
– барои ибрози мақсуди мо тамоюли хуб ва возеҳе аст.» Алиасғари Ҳикмат аз нутқи С.Айнӣ илҳом гирифта ба тариқи эзоҳи зарбулмасали мазкури тоҷикӣ барои шунавандагони суханаш ва барои хонандагони «Паёми нав» дар хотима овардааст:
«Албатта оқоён мулоҳиза фармуданд чӣ гуна дар токистон дарахтҳои ангур бо риштаҳои маҳками худ ба якдигар мепайванданд ва бо ҳам иттисол доранд – ҳамчунин милали ҳамсоя низ бо риштаҳои маҳкам ва силсилаҳои устувор ба якдигар муттасил мешаванд. Вале ин риштаҳо ҳамон савобиқи фарҳангӣ аст монанди шеър ва адаб ва ахбор ва ҳикоёт ва ривоёт ва мусиқӣ ва би лохира, занҷири фарҳанг ва дониш аст, ки милали ҷаҳонро ба ҳам мепайванданду бас».
Аммо он гоҳ Алиасғари Ҳикмат бо гуфтаҳои боло иктифо накард. Ў дар заминаи зарбулмасали мазкури тоҷикӣ дар васфи Садриддин Айнӣ манзумае сохта, онро ба номи вай иншо кард ва аз Теҳрон барояш ба Самарқанд
14 фиристод. Инак он қитъа, ки дар маҷаллаи «Паёми нав» чоп шудааст.
«Ҳадя ба дўсти донишманд Садриддин Айнӣ, шоири шаҳири тоҷик»
Ҳамсоя зи ҳамсоя басе панд бигирад,
Ангур зи ангур ҳаме банд бигирад.
Оре, масал аст ин ба бари мардуми тоҷик,
Аз ҳар масале аҳли адаб панд бигирад.
Ҳар ҷонвару сангу дарахте ки ба гетист,
Сад панд аз он марди хирадманд бигирад.
Ақвоми ҷаҳон токбунонанд ба бўстон,
Ҳар ток зи токи дигар ованд бигирад.
Гиранд ба кас аҳли ҷаҳон риштаи дониш,
Ин қалби матин қавми барўманд бигирад.
Бас мулк, ки аз мулки дигар суд ситонад,
Бас тоифа, к-аз тоифа пайванд бигирад.
Аз насли куҳан насли ҷавон панд пазирад,
Мероси падар, боре, фарзанд бигирад.
Монанду шабеҳанду ба ҳам зодаи инсон,
Бас дарс, ки монанд зи монанд бигирад.
Он қанд биёрад – ҳаме аз Миср ба Шероз
В-ин турфа наиме зи Самарқанд бигирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё