Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хунрезию даррандагӣ атвори сибоъ аст,
Инсон натавонад, ки чунин раг бигирад.
Баҳрест ҷаҳон, ҳар ки ба андозаи ҳиммат
З-ин баҳр гуҳар гирад, ё санг бигирад.
Ё ширмаҳиҳои балаззат ба каф орад,
Ё ғун ва ё ин ки харчанг бигирад.
Ё ғарқ шавад пеши наҳангони даранда,
Ё киштии озодӣ дар чанг бигирад.


Ин тўҳфаи ночиз нисорест ба он дўст,
К-аз кишвари илму ҳунар авранг бигирад.
Санъатгари маънист, ки аз коргаҳи ў
Беҳзод ба кори худ беранг бигирад.
Донишвари бемисл – Алиасғари Ҳикмат,
Ҳикмат, сазад, аз дониши ў ранг бигирад.
Асғар бувадаш ном, вале маънии акбар
Дар хеш чу оғўши хирад танг бигирад.
Алмос агарчанд бувад хурд ба зоҳир,
Оби рухи ёқути гаронсанг бигирад.
Айнӣ шарафе ёбад, агар аз сари алтоф
Ҷавсанги вай он дўст ба посанг бигирад.
Садриддин Айнӣ, Самарқанд

Бояд ёдовар шуд, ки дар дунболаи аввалин тақризи устод Саид Нафисӣ, дар рўзномаҳо ва маҷаллоти Эрон, Афғонистон, Ҳинд ва Покистон маълумоте аз ҳаёти Садриддин Айнӣ ва осори вай аз намунаҳое аз сурудаҳо ва ҳикояҳояш дида мешавад, ки бар он асос аҳли адаб ва қалам ба иттифоқ мақоми мумтоз ва барҷастаи Садриддин Айниро сутудааанд.
Маҷаллаи вазини «Сухан», ки зери назари адиб ва донишманди маъ руфи Эрон Парвиз Нотили Хонларӣ чоп мешуд, дар шумораи 8 соли 1323 ҳ.ш.
баробари соли 1945 м. Садриддин Айниро дар радифи бузургтарин сухансароёни форсизабон – Амир Хусрави Деҳлавӣ, Низомии Ганҷавӣ ва Хоқонии Шервонӣ мутазаккир шудааст. Ин изҳори ақида аз тарафи маъруфтарин маҷаллаи адабии Эронзамин шўҳрати Садриддин Айниро дар он кишвар хеле афзуд ва навиштаҳои ў мавриди диққат ва таваҷҷўҳи хоссаи адибони форсизабони хориҷӣ қарор гирифт.
Солҳои 1967-1968 (1345-1346 ҳиҷрии шамсӣ) маҷмўаи панҷҷилдаи «Ҳазор соли насри порсӣ» аз тарафи Карими Кишоварз — адиби донишманд ва мутарҷими маъруфи эронӣ, табъ шуд.
Китоби якуми ин силсила бо мадхали донишмандонаи муаллиф дар мавзўи таърихчаи забонҳои эронӣ оғоз ёфта, китоби панҷум, ба қавли муаллиф барои «Мунтахаби осори устодони насри порсӣ дар қарнҳои дувоздаҳум, сездаҳум ва чаҳордаҳум» ҷудо шудааст. Дар ин ҷилди «Ҳазорсоли насри порсӣ» бахше оид ба Садриддин Айнӣ низ ҳаст, ки қабл аз қисми «Насри форсӣ дар Афғонистон»
омадааст. Ин ҷо аз «Ёддоштҳо» як ҳикоя бо унвони зайл оварда шудааст, ки дар хотимаи он луғат ва эзоҳот ҳам дорад:

пешина
аз 235
навбатӣ