Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳусайни Лисон дар ин боб навиштааст:
«Ба ҳар ҳол бисёре аз луғот ва таъбирот, ки дар ин навиштаҳо омада дар мутуни куҳан ва дар навштаҳое монанди «Таърихи Балъамӣ», ки дар Бухорои ҳазор сол пеш навишта шуда, ҷояш холист ва маълум нест, инҳо дар кадом замон ба чӣ васила дар ин забон роҳ ёфтааст; бегумон қисмати муҳимме аз он натиҷаи таҳаввулест, ки дар муддате беш аз ҳазор сол дар навиштаҳо ва гуфтаҳои ин мардум рўй дода, ҳамон тавре, ки навиштаҳои мо низ ба суратҳои мухталиф ин таҳаввулро дар ҷиҳатҳои дигаре пазируфтааст; нуктаи ҷолиб ин ки забони шеъри ин мардум аз забони шеъри мо ҷудо нест, ба иборати дигар, аз ҳайси лафзу сурини шеърашон ба шеъри мо наздиктар аз наср аст ва шояд усулан байни онҳо тафовуте набошад ва ин амр зоҳиран ба хотири таваҷҷўҳест, ки шоирони он ҳудуд ба гўяндагони ин сўй доштаанд ва шоирони Хуросон ва
28 Ироқ барои онон намунаи завқу ҳунари шоирӣ шинохта шудаанд».
Ин ҷо бояд гуфта гузарем, ки мо бо ақидаи Ҳусайни Лисон дар масъалаи сабаби тафовут надоштани назми тоҷик аз шеъри Эрон ихтилофи назар дорем, зеро бояд фаромўш накард, ки ҳамон тавре, ки гўяндагони он сўй, яъне хоки Эрон ба суханварони ин сўй (Мовароуннаҳр) – ба қофиласолори назми классикии форсизабонон устод Рўдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Шавкати Бухороӣ, Носири Бухороӣ ва ғайра ва ҳоказо таваҷҷўҳе дошта бошанд, ҳамон андоза суханварони Мовароуннаҳр дар тамоми таърих ба Ҳофиз, Саъдӣ, Камолу Ҷамоли Исфаҳонӣ, Соиб ва Ироқӣ ва садҳои дигар назар баста будаанд ва онҳоро аз шуарои худ донистаанд.
Ва ба ҳамин ҷиҳат дар замони мо донишмандони шўравӣ ва бархе аз ховаршиносон назми классикии форсиро то қарни 16 муштарак дониста истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» ё «назми тоҷик-форс»-ро ба кор мебаранд.
Ва инсофан бояд гуфт, ки ин нукта мувофиқи ҳақиқати маҳз аст, зеро сухани Рўдакӣ, Дақиқӣ, Фардавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва бузургони дигари адабиёти классикии моро аз ҳам ҷудо тасаввур кардан номумкин ва хилофи мантиқ ва илм аст. Ва ин ҳам ногуфта намонад, ки мақолаи мавриди муҳокимаи Ҳусайни Лисон низ, қатъи назар, аз он як ҷумлаи хулосааш, комилан ҳамин маъноро дорад.
Дар хулоса бояд гуфт, ки Ҳусайни Лисон «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айниро аз назари луғот ва иборот хеле дақиқ мутолиа ва тавзеҳ кардааст. Ва замимаи мақолааш, ки бо унвони: «Тамоюлҳо ва таъбироти хосе, ки дар муҳовара ба кор меравад ва мафҳуми барои ҳама қобили дарк аст ва порае аз онҳоро айнан мо ба кор мебарем» – омадааст, шоҳиди гуфтаи болост. Ҳусайни Лисон дар ин замима дар 9 сафҳа мисол ва шавоҳиди гуфтаҳояшро илова
29 кардааст.
Чунон ки дида мешавад, осори Садриддин Айнӣ дар Эронзамин шўҳрати калон дошта, саҳифаи дурахшоне дар таърихи робитаҳои фарҳангии ду халқи
30 ҳамзабон ва ду давлати ҳамсоя – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон мебошад.

Понависҳо:

  1. Ниг. «Шарқи сурх», 1957, №7, с.97.
  1. Абулқосим Лоҳутӣ. Садриддин Айнӣ. Сарсухан барои «Намунаи ада биёти тоҷик», Москва, 1926, с.7-8.
пешина
аз 235
навбатӣ