Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Устоди фақид байти зайли Манучеҳриро зикр намуда истилоҳи «забони Мовароуннаҳриро барои забони порсии дарӣ (= яъне забони порсии дарии тоҷикӣ) дар навиштаҳои хеш ба кор бурд:

Як мурғ суруди порсӣ хонад,
Як мурғ суруди Мовароуннаҳрӣ.

Устод Маликушшуаро навиштааст:
«Ва метавон гуфт: модар ва решаи луғати имрўзии Эрон ҳамон луғати Мовароуннаҳрӣ будааст, ки бо арабӣ махлут шуда ва шикастагиҳояшро ба салоҳ бозоварда ва бо он шеър гуфта ва сипас китоб таълиф намуда, рафтарафта муросилоти дарбориро бо он нигошта ва билохира забони дарборӣ ва дарсӣ шуда ва оқибат ҳамон лафзи қалам дар умум сироят намуда ва забони умумии Эрон маҳсуб гардида ва фақат намунаҳо аз ҳар ду забони аслӣ – паҳлавӣ ва Мовароуннаҳрӣ – дар деҳоти Ироқ ва Хуросон боқӣ мондааст…»
Ва устод боз арза медорад:
«… Ва бояд донист, идома медиҳад устод Баҳор, ки ҳам имрўз дар Мовароуннаҳри Ҷайҳун, Самарқанд, Бухоро, Балх ва қисмати шимолӣ ва шарқии Афғонистон забони форсӣ, ки маъмул аст, айнан ҳамон забон бо ҳамон луғат ва истилоҳоте аст, ки адабиёти қуруни саввум ва чаҳорум ва панҷуми Эрон (қарнҳои 9, 10 ва 11 милодӣ – К.А.) бо он ва таълифоти порсии қабл аз муғул бад-он навишта шудааст».
Устод Маликушшуаро Баҳор баррасиҳои амиқ ва мустанади хешро ҷамъбаст намуда ба натиҷаи ниҳоят муҳимме расидааст, ки саҳм ва ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон, яъне форсизабонони Мовароуннаҳр ва Хуросонро дар бунёд ва рушди забони порсии дарӣ комилан мушаххас намудааст.
Вай чунин эълом намудааст:
«Дар натиҷаи ин тадқиқот метавон донист, ки забони паҳлавӣ то қуруни дувум ва саввуми ҳиҷрӣ (8-9 милодӣ – К.А.) дар Эрон ҷорӣ ва адабиёт ва таронаҳои маъмулӣ бо он забон буда ва тадриҷан аз байн рафта ва эрониёни машриқӣ дар сояи қудрати аҳолии Хуросон ва Мовароуннаҳр ва наҳзатҳои сиёсии Оли Лайс ва Оли Сомон мўҳтоҷ ба иттихози забони форсии Мовароуннаҳр ва Хуросон гардида ва онро такмил намуда ва бо арабӣ махлут сохта ва забони ҳолияро барои мо ёдгор гузоштаанд ва агар дар ихтилофи таркибот ва истилоҳоти луғати деҳотиёни Хуросону Марву деҳотиёни Хамса ва Ҳамадон ва Теҳрон диққат шавад, ба хубӣ ин ихтилофи реша ва таркиби он ду ва наздиктар будани забони Хуросон ба забони адабӣ кашф ва тасаввуроти
6 фавқ тасдиқ хоҳад гардид».
Ногуфта намонад, ки китоби «Сабкшиносӣ»-и Маликушшуаро Баҳор дар бораи татаввур ва таҳаввули насри порсӣ ҳанўз ҳам дорои арзиш ва аҳамияти
7 вижа мебошад. Ҳамчунин барои донистани вижагиҳои забони насри порсии
8 куҳан китоби вазин ва пурарзиши устод Жилберт Лазар ниҳоят муҳим аст.
Зеро ки ба қавли оқои Ризоӣ Зумуррадиён:
«Муаллиф дар ин китоб тақрибан ҳамаи матнҳои насри форсӣ (чопӣ ва хаттӣ)-ро бодиққат баррасӣ намуда ва дигаргуниҳои овоӣ ва наҳвии онҳоро
9 дар тайи ҳазор соли таърихи забони форсӣ нишон додааст».
Устод Парвиз Нотили Хонларӣ ҷонибдори ақидаи интиқоли забони форсӣ аз Ҷануб ба Шимол – ба Хуросон ва Варорўд буда, натиҷаи ҳуҷуми араб ва ақибнишинии теъдоди касири дарбориёни Сосонӣ медонад.

пешина
аз 235
навбатӣ