Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва боз:

Замона панде озодавор дод маро,
Замонаро чу накў бингарӣ, ҳама панд аст.

Ва боз ёдовар шудан мехоҳем, ки ин гуна ҳикматҳо, андарзҳои башардўстонаро ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и хеш фаровон таъкид намуда аст.
Ҳамчунин Шайх Саъдӣ фармуда:

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рўзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Медонем, ки сухани Шайхи аҷалл дар боби «Банӣ Одам» маъхуз аст аз ҳадиси набавӣ ва ин суханони ягонагии кулли башар дар девори Созмони Милал сабт шудааст ба умеде, ки башарро дар ин қарни пурдаҳшат ба роҳи рост ҳидоят кунад ва аз ҳар гуна саргармӣ ва гумроҳии нажодпарастии бузургманишӣ, насиё нализм-миллатгароӣ, маҳалгароӣ ва ғайра ва ҳоказо боз дорад. Мардумонро, ҳукуматдоронро, сиёсатгароёнро қотилони афроду қавмҳову қабилаҳоро ба роҳи нек, адлу инсоф ва раҳму шафқат, башардўстӣ ва риояти ҳуқуқи башар ва ҳар як фарди инсонӣ роҳнамун созад. Зардушти файласуф фармуда:
«Роҳ дар ҷаҳон якест ва он роҳи ростӣ аст».
Ва низ дар Қуръони Карим омада:
«Мардуми боимон бо имон бародаранд, байни бародарон сулҳ ва оштӣ барқарор кунед».
(Қуръони Карим, тарҷума аз Огои Оят) Ва дигар ин ки «Шабро чӣ гунаҳ, ки қиссаи мо буд дароз».
Вассалому алайкум.

Понависҳо 1. Гузоришҳои бостоншиносӣ. Муҷаллади чаҳорум, бо қалам Алии Сомӣ.
Ше роз, 1338ҳ.ш., с.39-40 2. Алии Сомӣ. Тамаддуни Ҳахоманишӣ, ҷилди дувум, Шероз, 1343, с.279.
3. Нақл аз навиштаи Алии Сомӣ. Тамаддуни Ҳахоманишӣ, ҷилди дувум, 1343, с.279.
4. Гиршман Р. Эрон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Муҳаммад Муин. Бунгоҳи Тарҷума ва нашри китоб, Теҳрон, 1344, с.141.
5. Ниг.: Гиршман Р. Эрон аз оғоз то ислом, с.143.
6. Иқтибос аз китоби Р.Гиршман. Эрон аз оғоз то ислом, 143.
7. Ниг.: Ҳасани Пирниё. Эрони бостонӣ, Теҳрон, 1306, с.95-96.
8. Ҳасани Пирниё. Эрони бостонӣ, с.96.
9. Нақл аз китоби Ҳамид Найирии Нурӣ. Саҳми Эрон дар тамаддуни ҷаҳон. Интишороти ширкати миллии Эрон. Теҳрон, 1345, муқаддима, с.2.

пешина
аз 235
навбатӣ