Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нигоҳе Ба омЎзиши «авасто» дар кишварҳои шарқу ҒарБ ва нахустин Баррасӣ ва нашри он дар русия Сухан гуфтан дар боби кашфи Авасто ва таҳқиқу баррасии он дар кишварҳои Шарқу Ғарб ҳам хеле содда ва ҳамчунин мушкил аст, чун маводди марбутаи таҳқиқ – манобеи аслӣ, кутуб ва мақолоти донишмандони ҷаҳон дар ин мавзўъ мавҷуд ва фаровон аст ва ҳар соҳибзавқ метавонад аз тариқи забонҳои асосии эроншиносӣ ба таълифоти муҳаққиқин руҷўъ бикунад ва маълумоти кофии лозимаро барои хеш дарбиёварад. Ҳарф задан дар боби кашфи Авасто ва шинохти он чандон осон нест, зеро кулли манобеъ ва адабиёти марбутаи он дар ҳар кишвар ҷамъоварӣ нашуда ва ба ин ҷиҳат наметавонад ба унвони марҷаи ҷомеъ ва комил дар ихтиёри ҳар як аз аҳли таҳқиқ гузошта шуда бошад.
Маълум аст, ки корҳои ниҳоят муҳимми авастошиносӣ ва тарҷумаи ин бузургкитоби порсиёни бостон бештар дар кишварҳои аврупоӣ анҷом дода шуда, таърихи тўлоние дорад.
Аммо лозим ба ёдоварист, ки бо ҳамаи арзишҳои илмӣ ва фарҳангии осори муаллифони аврупоӣ чанде аз кутуби авастошиносӣ чӣ ба забонҳои аврупоӣ, хусусан ба забони русӣ ва ҳамчунин ба забони форсӣ мавриди баррасии вижа қарор нагирифтаанд.
Ва ҳоло мехостем ба гунаи куллӣ мутазаккир шавем, ки кутуб ва мақолоти авастошиносӣ дар Эрон чанд навъ аст. Як осори илмии дақиқ, ки аз ҷониби донишмандон анҷом ёфта ва онҳо мутахассисини ин ришта буда, аз таҳсилкардагони марокизи бостоншиносии ҷаҳон, вижа забонҳои эронӣ, ҳиндуаврупоӣ ва осори хаттии марбута мебошанд. Ин қабил осор мутааллиқанд ба таҳқиқоти устод Пури Довуд ва бархе аз шогирдон ва пайгирони эшон.
Гунае ки ошкор аст, устод Пури Довуд қабл аз ҳама Готҳои Зардуштро дар соли 1928 ва Яштҳоро дар соли 1935 ба порсӣ тарҷума карда, тафсир намуда силсилаи таълифоти муҳимме дар ин мавзўъ анҷом дода мунташир намуд, ки дар замима ановини онҳоро овардаем. (Ниг. понавишти 4).
Ҳамчунин ин устод дар Донишгоҳи Теҳрон дарси авастошиносиро дар
1 барномаи донишгоҳӣ ворид намудааст.
Дар пайгирии асарҳои авастошиносии устод Пури Довуд дар мавзўи фарҳанги Авасто – «Баҳсе аз фарҳанги Авасто ва татбиқи он бо форсӣ ва курдӣ» ба тадвини Мўбад Фирўзи Озаргушасп соли 1337 (1958) дар Теҳрон ба табъ расидааст, ки дар он теъдоди зиёде аз вожаҳои се забони мазкур ба тариқи баррасии қиёсӣ дар ҳаҷми бештар аз 100 сафҳа омадааст. Баъдан, соли 1967 дар Эрон китобе бо номи «Фарҳанги номҳои Авасто» мунташир шуд мутааллиқ ба қалами Ҳошим Разӣ. Ин фарҳанг дар се ҷилд бо муқаддимаҳои хушбинонаи англисӣ ва форсии донишмандони авастошиноси аврупоӣ Кристиан Ремпис (аз Тибинген) ва Волфганг Лентс (аз донишгоҳи Ҳамбург) аст. Дар ин муқаддимаҳо хулосаи мухтасаре аз таърихи авастошиносӣ
2 дар Аврупо ва дар Эрон низ омадааст. Вале пайдост, ки ин муаллифин аз таълифоти авастошиносии Русия огоҳие надоштанд. Пас аз 7 соли нашри китоби мазкур ҳамон муаллиф (Ҳошим Разӣ) маҷмўаи дигареро интишор дод ба унвони «Ганҷинаи Авасто» (чопи аввал, Теҳрон, 1350/1970). Чопи дувуми ин китоб ба солшумории давлатдории Эрон с.2537 дар Теҳрон ба табъ расида, ки дорои муқаддимае дар шинохти Авасто ва ғайра дар 336 сафҳа аст.

пешина
аз 235
навбатӣ