Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Кўшишҳои Бюрнуф ўро ба натиҷагириҳои тозаи илмӣ овард. Вале бояд гуфт, ки исми Анкетил дю Перрон ба унвони нахустин кошифи Авасто дар таърихи тамаддун боқӣ мондааст. (Коссович, 10).
Соли 1883 Бюрнуф ҷилди аввали «Шарҳи шинохти Ясна» (commentaire sur yashn) ба табъ расид. Пасон грамматикаи қиёсии Бопп ва силсилаи мақолоти Бюрнуф дар Жюрнал Азиатик (1840-1846) интишор шуд. Ин амал дар авастошиносӣ дар таълифот ва интишороти Бопп, Лассен, Виндишман идома ёфтааст. Ниҳоят фаъолиятҳои муҳаққиқини авастошиносии Аврупо аз ҷониби Брокгауз дар «Фар ҳанги тафсирии вожаҳои куҳан» (Глоссарии) ў соли 1850 ҷамъбаст гардид (Кос сович, 11). Дар Аврупо авастошиносӣ ҳамвора идома дошта (Гротефенд, соли 1802, Сен-Мартен) ниҳоят афсари англис Ролинсон ба шарофати китоби Бюрнуф навиштаҳои мехии кўҳи Бесутунро таҳлил намуда, ҳамоҳангии онҳоро бо Занд Авасто исбот намуд (Коссович, 13). Ҳамчунин интишори навиштаҳои мехии кўҳи Бесутун бо тарҷума ва тафсири онҳо аз ҷониби Ролинсон (1847) барои ҷаҳони мутамаддин мавҷудияти забони порсии бостонро кашф намуд, ки то он замон дар зарфи ҳазор солҳо ин матлаб дар хаёлҳо нақше надошт (Коссович, 13). Амали Ролинсон минбаъд хеле вусъат ёфта дар таҳқиқоти моҳиронаи Бенфей дар Олмон (1847) ва Юлий Опперт дар Фаронса (1851-52) такмил гардид (Коссович, 13). Коссович дар идомаи таҳқиқоти хеш ба асарҳои Петрашевский (1857) ва Гауг (1858) таваққуф намуда ва пайгири шоистаи Раск ношири мутуни интиқодӣ Вестергардро (1857), корҳои устод Шпигелро (Ирланд), ки ба мутуни интиқодии Занд тарҷумаи паҳлавии мавҷударо илова намуда буд, грамматикаи забони порсиро (1851) навишт, китобиёти Занд Авасторо таҳия намуда буд. Тарҷумаҳои ривоёти дар боби порсиён бо фарҳанги тафсирии вожаҳо (1860) ва мутуни Занд Авасто ва ғайраро ба табъ расонда буд, басо некбинона зикр намуда, баррасии интиқодӣ намудааст (Коссович, 14-15). Пасон Коссович ба силсилаи кутуби муқаддаси порсиён таваққуф намуда, мутуни Занд, тарҷума ва тафсири онро ба забони паҳлавӣ ва порсиро (тарҷумаҳои он ба забони санскрит), «Бундаҳишн» (ба забони паҳлавӣ) ва «Минуи хирад» ва баъзе бахшҳои Занд, ки фақат ба забони паҳлавӣ боқӣ мондаанд, аз он халқа донистааст (Коссович, 15).
Мавзўи вижаи баррасиҳои Коссович – мавзўи забони Занд ва Занд Авасто, яъне забони тафсири қонуни мавҷуда мебошад.
Вожаи «Занд» ва «Зандавасто» дар мутуни марбутаи асил вуҷуд надорад ва «ихтирои» Анкетил дю Перрон аст, ки вай яқинан аз забони порсҳои Ҳиндустон иқтибос намуда.
«Занд» - тафсир (=веда) ва «Авасто» (Апасто) – дониш ва маърифати мазҳабӣ гуфтан аст. Ба ин ҷиҳат «Зандавасто» маънои тафсир ё шарҳи қонунро дорад. Пасон Коссович ба замони Занд Авасто таваққуф намуда ба таърихи ақ воми ориёӣ руҷўъ менамояд (Коссович, 19-20).
Коссович дар навиштаҳояш истилоҳи «Забони Занд»-ро (Зендский язык) мисли пешиниён ба кор мебарад (Коссович, 21), ки аз назари муҳаққиқини
14 имрўз саҳеҳ нест. Ва ҳоло истилоҳи забони Авасто бештар маъмул шудааст.
Матлаби сарзамини аслии ориёиҳо, ҳамчунин истилоҳи «airyanem vayajo» ва маълумоти бахши нахусти Вендидодро баррасӣ намуда, Коссович назари Бюрнуф, Лассен ва дигаронро дар бораи дар шарқи Эронзамин ба вуҷуд омадани Занд Авасто ва дар он сарзамин фаъолият доштани Зардуштро зикр намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё