Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Симурғ ин кўдакро ёфта дар оғўши кўҳҳо тарбият кард. Чун падар нисбат ба ин бача беинсофӣ раво дошта буд, Симурғ ба вай Дастон ном дод. Сом пас аз муддате аз кардаи худ пушаймон шуд ва ба ҷустуҷўи фарзандаи худ ба кўҳистони Албурз рафт. Ва дар он ҷо писари худро саломат ёфт. Агарчӣ ин писар аз мардумон дур зиндагӣ карда ва ба ҳадди рушд расида буд, аммо Симурғ забони одамиро ба вай омўхта буд. Падар фарзанди худро гирифта ба ҳамроҳи худ бурд.
Симурғ чандто аз парҳои худро ба ў дода гуфта буд, ки ҳар гоҳ сахтие ба вай рўй намояд, яке аз он парҳоро бисўзонад, Симурғ фавран барои ёрии ў ҳозир мешавад.
Сом ба фарзанди худ Золи Зар ном дод. Манучеҳр аз диловариҳои Зол хабар ёфт ва чун ўро дид, бисёр писандид ва ҳукмронии вилояти Зобулистон (Сиистон)-ро ба вай вогузор кард.
Зол вақте ба Кобул расид, ҳукмрони он ҷо Меҳробшоҳ, ки аз насли Заҳҳок буд, дўстона бо вай мулоқот кард ва чун ба хона баргашт, дар назди оилаи худ аз шоҳзодаи ҷавон тавсифу таъриф кард ва духтараш Рўдоба, ки суханони падар шунид, нисбат ба он ҷавон дилбаста шуд. Вай ба воситаи канизаш муҳаббати худро ба Зол расонид ва бо вай пинҳонӣ мулоқот кард.
Зол дилбохтаи Рўдоба шуд ва хост ўро ба ҳамсарии худ гирад. Аз ин ҷиҳат қасди худро ба падараш навишт.
Ин хабар чун ба гўши Манучеҳр расид, вай васлатро бо хонаводаи Меҳробшоҳ, ки аз насли Заҳҳок аст, майл ва ҷоиз надонист. Дар охир бо кўшиши Сом ва пешбинии яке аз мунаҷҷимон, ки минбаъд ин васлат ба нафъи Эрон аст ва аз он фарзанде ба вуҷуд хоҳад омад, ҷаҳонпаҳлавони бузурге мешавад ва ин обу хокро муҳофазат мекунад, Манучеҳр ба ин издивоҷ мувофиқат кард.
Вазъи ҳамли Рўдоба хеле сахт шуд.
Зол ҳаёти ҳамсари худро дар хатар дида, Симурғро ба ёрӣ хост. Симурғ ҳозир шуда дастур дод, ки паҳлўи модарро шикофта, фарзандро аз раҳм берун оваранд. Вай марҳаме дода гуфт, ки ба муҷарради молидани он ба захм дарҳол илтиём ёфта, шифо хоҳад ёфт. Мўбаде, ки ин амали ҷарроҳиро мебоист анҷом диҳад, ба Рўдоба май нўшонда ва ў беҳуш шуда, дарди ҷарроҳиро чандон эҳсос накард.
Фарзанди навзодро Рустам номиданд. Ў ба андозае бузург ва нерўманд буд, ки шири чандин доя ба сахтӣ кифояти вай медод. Рустам ҳанўз хурдсол буд, ки фили сафеди дамонро, ки касе ҷуръати наздик шудан ба вай надошт, бо зарби ангушт аз по даровард.
Инро бояд ёдовар шуд: мавқеъе, ки Ҷамшед аз таъқиби Заҳҳок фирорӣ буд, назди подшоҳи Зобул рафт ва духтари ўро ба занӣ гирифт. Яке аз авлоди Ҷамшед Гаршосб падари Наримон аст. Наримон ҳам писар дошт бо номи Сом, ки падари Зол ва ҷадди Рустами паҳлавони маъруфи достонҳои миллӣ мебошад.
Манучеҳр дар охири солҳои подшоҳии худ ба сабаби ҷангҳое, ки бо Афросиёб дар ҷараён буд, маҷбур гардид дар Табаристон иқомат кунад. Ва пас аз сулҳ муқаррар шуд, ки қаламрави фармонравоии ў ба миқдори арсаи тире хоҳад буд, ки ў партоб намояд. Гўянд: тире, ки Манучеҳр аз Дамованд партоб кард, на ба Марв, балки дар соҳили Ҷайҳун афтод.

пешина
аз 235
навбатӣ