Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Аз вилояти марзи Тўрон намояндагоне ба дарбори Кайхусрав омаданд ва шикоят карданд, ки дар заминҳои онҳо хукҳои ваҳшии хеле бузург пайдо шудаанд, ки ба киштҳои онҳо бисёр осеб мерасонанд ва худи онҳо аз дафъи онон оҷиз мондаанд.
Кайхусрав аз паҳлавонон пурсид, ки кадом як аз онҳо ба дафъи ин хатар тавоност? Бижан ба анҷоми ин кор омодагии худро эълом карда ва Гургин - писари Милод ба ҳамроҳии вай равона гардид. Бижан ин вазифаро ба анҷом расонид. Аммо Гургин, ки дар анҷоми ин вазифа чандон ҳунаре нишон надода буд, бар Бижан ҳасад бурд. Вай медонист, ки духтари зебои Афросиёб
– Манижа дар атрофи ин ҳудуд ба сайру гашт омадааст. Бинобар он Гургин бо нияти бад ҳилае сохта Бижанро ба тарафи хаймаи ў раҳнамоӣ кард.
Дар он ҷо аз паҳлавонони эронӣ бо меҳру рўи хуш пазироӣ шуд. Манижа мафтуни Бижан гардид ва онҳо шаберо бо ҳам гузарониданд. Аммо Бижан дар он ҷо ба дасти Афросиёб асир шуд. Ўро ба зиндони торик андохтанд ва Манижаро, ки аз Бижан тарафдорӣ мекард, Афросиёб аз даргоҳи худ ронд.
Манижа гадоӣ карда, барои Бижан ба зиндон хўрок мебурд.
Гургин ба ҳузури шоҳ баргашта хабар дод, ки Бижанро гум карда ва фақат асби ўро ёфтааст. Кайхусрав аз ин ки Гургин дўст ва ҳамсафари худро дар сахтӣ раҳо кардааст, хашмгин шуд ва фармон дод, ки ўро зиндонӣ кунанд. Вай ба «Ҷоми ҷаҳоннамо»-и худ, ки ҳама чиз дар он намоён мешуд, назар карда, аз аҳволи Бижан хабар ёфт ва Рустамро ба ёрии вай фиристод.
Рустам либоси бозаргонӣ пўшиду ба Тўрон равона шуд. Манижа хабар ёфт, ки аз Эрон барои раҳоии Бижан касе омадааст. Вай Рустамро ёфта, воқеаро барои ў нақл карда, зорикунон раҳоии Бижанро аз вай илтимос карда гуфт: Охир Бижан нафақат як паҳлавони номдор, балки аз хонаводаи Гударз низ мебошад. Аммо Рустам нахост ҳувияти худро барои Манижа фош кунад, ба вай гуфт: ман як бозаргони оддиям ва ҳеҷ Гударзу Бижанро намешиносам ва ба онҳо коре надорам ва аз Манижа дур шуд. Аммо бо нишонии Манижа аз ҷои зиндони Бижан огоҳ шуда, ўро халос карда ба тарафи Эрон равона шуданд.
Афросиёб аз воқеа хабар ёфта, ба таъқиби онҳо пардохт. Аммо Рустам ўро ба бозгаштан маҷбур кард ва худаш саҳеҳу солим ба ҳузури Кайхусрав баргашт.
Афросиёб лашкари фаровоне ҷамъоварӣ карда, писараш Шайдоро ба Хоразм ва Пиронро ба Эрон равона кард. Дар ин ҷо достони ҷанги тан ба тани дувоздаҳ паҳлавон сар мешавад, аз ҷумла Пирон бо Гударзи куҳансол.
Эрониён дар ин ҷанг ғалаба карданд ва Тўрониён амон хостанд. Кайхусрав, ки ба майдони ҷанг омада буд, дар маросими дафни ҷанозаи Пирон ширкат карда, фармон дод, ки Гарсевазро, ки қотили падараш Сиёвуш мебошад, порапора кунанд.
Аз ин ба баъд худи Кайхусрав фармондиҳии сипоҳро ба ўҳда гирифт.
Афросиёб ақибнишинӣ карда, ба қалъаи Гангдиж паноҳанда шуд. Вай Фағфури Чинро ба кўмак талабид ва маъмурони румӣ дар таъсир ва истеҳкоми ҳисор
– қалъа ба вай ёрӣ доданд.
Аз он ҷое, ки Кайхусрав нисбат ба аҳолӣ хушрафтор буд, ҳеҷ ҷо дар барорбари вай мардум муқовимат намекарданд. Ў ба осонӣ ва бемонеъ пеш мерафт. Вақте вай ба қалъа наздик расид, Афросиёб ба ҳузури ў сафироне фиристод ва дархост кард ба ҳар шароите, ки хоста бошад, таклифи оштӣ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё