Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Дар айни замон се нафар довталабон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ду нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўъҳои гуногун рисолаи дифоӣ менависанд. Ба ин муносибат бояд гуфт, ки К.С.Айнӣ мактаби хосаи матншиносии хешро бунёд намудааст. Солҳои зиёд аст, ки донишманди осори хаттии Ховар, муҳаққиқи пухтакор, яке аз роҳбарони проблемаи комплексии таҳқиқ ва нашри осори хаттӣ Камол Айнӣ то пош хўрдани Шўравӣ дар ҷумҳурӣ сарвари семинари илмии «Масъалаҳои актуалии шарқшиносии муосир» буд. Ҳамчунин ў аз замони бунёд шуданаш то охирин рўзгори Шўравӣ раиси Анҷумани ховаршиносони ҷумҳурӣ буда, симати муовинати раиси (ЕМ.
Примаков) ин Анҷуманро дар Иттифоқи Шўравӣ низ дошт.
Камол Айнӣ ба сифати ҷонишини Раиси Кумитаи Шўравии Ассосиатсияи байналмилалии омўзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ ба ҳамроҳии бисёр олимон ва намояндагони муассисаҳои ҷумҳурӣ ва умумииттифоқӣ дар тайёрӣ ва гузаронидани симпозиумҳои ЮНЕСКО ва ҷашнҳои маданӣ хидмат кардааст. Ў ҳамчун ҷонишини Раиси Шўрои таҳқиқ ва нашри осори хаттии АИ ҶТ бисёр рўзу соатҳояшро ба ин кори масъулу пурифтихор сарф намуда, дар пешрафти ин соҳаи илм саҳми босазо гузоштааст. Дар нашри силсилаи адабиётҳои илмӣ ва осори хаттӣ, ки ба муносибати ҷашни ҳазораи Абўалӣ ибни Сино ба табъ расиданд, аз ҷумла мунтахаби осори Шайхурраис, таҳияи «Татиммат-ун-наҷот» (Душанбе, 1980), таҳия ва тадвини «Авҷи Зуҳал»-и Ибни Сино (Душанбе, 1980), китобҳои ашъори Мирзо Турсунзода «Гулчини ашъор» (Прогресс, 1981) ва бисёр кутуби дигар ва «Ошёни баланд» (Ирфон, 1981) саҳм гузоштааст. Ў ҳамзамон роҳбарии редаксияи нашри китоб барои хориҷи кишварро низ бар ўҳда дошта, бунёнгузори ин муассисаи муҳим буд, ки таҳти назари вай қариб 40 китоб бо хатти ниёкон ба табъ расидааст. Дар ин муддат ў тақрибан 15-20 нафар мутахассиси пухтакори ин соҳаро тарбия кардааст. Ин нашрия дар таҳия ва чопи 10-12 китоби дарси забони дарӣ низ ҳисса гузоштааст.
Камол Айнӣ илова ба корҳои ҷорӣ дар таҳияи манобеи матни «Захираи Хоразм шоҳӣ», бевосита иштирок мекунад, таҷдиди нашри илмии нўҳҷилдаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки барои ин мақсад се нусхаи нодири онро аз Италия ва Ҳинду Покистон ба даст овардааст, бо ҳамкории адабиётшиноси шинохта Зоҳири Аҳрорӣ, ба анҷом расонидааст. Ў муаллиф ва мураттиби бештар аз сесаду панҷоҳ асари тадқиқотӣ ва илмиву оммавист, ки қисми муҳимми он дар кишварҳои Шарқу Ғарб чоп шудаанд.
Ниҳоят яке аз корҳои муҳимми Камол Айнӣ, ки яке аз масъулинаш аст (бо ҳамроҳӣ ва кўшиши Масъуди Миршоҳӣ (Париж) ва Парвона Ҷамшед (Бунёди фарҳанги бостон), нашри панҷҷилдаи «Пажўҳиш дар фарҳанги бостон ва шинохти Авасто» (Париж, соли 1997-1999) мебошад ва ҳамчунин ў муаллифи китоби «Нахустин баррасӣ ва нашри Авасто дар Русия» (ба забонҳои форсӣ, англисӣ ва факсимелеи манбаи хаттӣ) мебошад (Париж - Теҳрон).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё