Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллиф инчунин ба васфи меҳнат ва деҳқонон ва косибон диққати худро ҷалб намуда, барои ташвиқи аҳамияти онҳо барои ҷамъият хеле кўшиш менамояд. Ба асоси ин рафтори шоир, хайрхоҳии ў нисбат ба оммаи халқ эътироф шудааст, ки ҳангоми тадқиқи пурраи ҳар як таълифи шоир ин масъалаҳоро батафсил баррасӣ намудан лозим аст.
Масъалаи услуби асарҳои Носири Хусрав хеле ҷолиби диққат буда, тадқиқи алоҳидаеро дар якҷоягӣ бо асарҳои муосиронаш талаб менамояд.
Вале ҳангоме ки мо аз майлон ва баъзе хусусиятҳои эҷодиёти шоир сухан кардем, зарур аст, ки ҳеҷ набошад баъзе ҷиҳатҳои умумии услубиашро ҳам қайд намоем. Ба замми ин вақте ки фикрҳои баъзе аз муҳаққиқин дар ин бора ба мо маълуманд, мо низ мехоҳем чанд андешаи хешро баён кунем.
Зеро мулоҳизаҳои тадқиқотчиён оид ба забон ва усули баёни шоир одатан ба якдигар мухолифанд. Чунончи, шарқшиноси англис Э. Браун менависад, ки ҳар ду маснавии Носир – «Саодатнома» ва «Рўшноинома» аз ҷиҳати талаботи
87 шеърӣ назар ба «Девон»-и шоир хеле паст меистанд.
Тадқиқотчии итолиёӣ Питсси аз маҳорати шоир дар «Рўшноинома»
сухан карда, лирикаи шоирро паст мешуморад, вале боз қайд менамояд, ки
88 дар лирикаи ў низ фикрҳои ҷолиби диққат ҳаст. Олими рус А. Кримский ба
89 лирикаи Носир баҳои дурусттар додааст.
А.А.Семёнов «нақши архаистӣ» («архаичный отпечаток») доштани таълифоти Носирро, аз ҷумла «Девон»-и ўро қайд менамояд. Муҳаққиқи ди гари шўравӣ Е. Э. Бертелс чунин мешуморад, ки «Забон (-и Носири Хусрав – К.А.)
90 бисёр мушкил ва архаистӣ мебошад ва калимаҳои помирӣ зоҳир ме шаванд».
Баҳои ба забони Носири Хусрав додаи Л. Бузургзода диқкатҷалбкунанда аст. Ў Носирро яке аз асосгузорони забони адабии тоҷикон мешуморад ва ҳамчун хидмати хуби шоир қайд менамояд, ки «забони модарии тоҷикиашро ў бо арабизм то дараҷае, ки аксари олимон ва шоирони дарборӣ мекарданд,
91 пур нанамудааст».
Аз муҳаққиқини Эрон Ризозода Шафақ услуби хос доштани Носири Хусравро иқрор намуда, менависад, ки «...шояд касе қасидаи Фаррухиро шунида ва онро аз Унсурӣ тасаввур намояд, вале сабки Носири Хусрав камтар бо они
92 дигарон иштибоҳ мешавад, зеро суханаш лаҳни хос дорад».
Чӣ навъе ки дида мешавад, ақидаи олимони шарқшинос доир ба забон ва услуби Носир гоногун буда, аксар вақт он ақидаҳоро баҳои шахсӣ ё нопойдор метавон шумурд. Дар ҳамин масъала суханронии В. Иванов, ки нуқтаи назари шарқшиносони англиси замонашро пешкаш менамояд, дар масъалаи услуб ва баҳои эҷодиёти Носир ба таассуб расидааст. Барои ҳамин ба китоби В. Иванов «W.Iwanow. Nasiri Khosrau and ismailism» («Носири Хусрав ва исмоилизм»), ки онро болотар номбар карда будем, изҳори назар намудан лозим аст. Дар ин китоб муаллиф дар масъалаи забон ва тарзи ифодаи шоир бо баҳои «нав»
баромад менамояд. Вай менависад: «Назми Носир ниҳоят якоҳанг аст ва назар ба маснавиҳои аксари муосиронаш ҳамон қадар хом ва номунтазам (crude and
93 rustic) мебошад, ки асарҳои фалсафии ўянд». Ва ё дар ҷои дигар: «Ҳамаи онҳо (асарҳои Носир – К.А.) дорои осори фаромўшнашавандаи номунтазами бадтаркиб, хомӣ ва кашмакаши сахт ҳатто барои ифодаи оддитарин фикрҳо мебошанд... «Вале услуби (style) ў ниҳоят бемаҳорат, дилгиркунанда, пур аз

пешина
аз 235
навбатӣ