Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Профессор таърифҳои ўро бо табассум пазируфт, вале чун навбат ба танқид расид, чеҳраи шукуфони вай якбора тира гардида, аз эродҳои муҳаррир гардан тофт.
Баъди андаке баҳс ба Музаффари Носир як навъ ҷуръати олимона даст дод.
– Бубахшед, устод. Вале ду мақолаи охир намешавад,
– гуфт бо қатъият.
Аз гапи ў қаҳри профессор омад ва «Ин бача чизи оддиро намефаҳмидааст!» гўён, бошитоб сўи дар рафт.
Дере нагузашта, сармуҳаррири нашриёт Музаффарро ба ҳузури худ хонда, ҳамон «чизи оддӣ»– ро ба ў фаҳмонд.
– Хайр, чӣ будааст?– пурсидем аз ў, баъди аз назди сармуҳаррир баргаштанаш.
– Чизи оддиро мегўед?– ришханд кард Музаффар, дар ҳоле, ки аз рўю гарданаш арақ мерехт. – ҳамин, ки навиштаҳои устодон «намешавад» надоранд…
08. 11. 1996.

БЕШАРМӢ

Боре аз овозхони шаҳир ва маҳбуби халқи тоҷик шодравон Одина Ҳошим ёд кардем. Устод Қутбӣ, ки аз мухлисони аслии овози нотакрор ва ҳунари волои ў буд, ба шўру шаафи қутбиёна воқиаи ҷолиберо аз рўзгори дўсти марҳуми худ нақл намуд.
Аз нақли ў шоир Н. ба шавқ омада, гуфт: фалонӣ ҳам (Вай аз ҳунармандони мардумии СССР якеро ном бурд) истеъдоди воло ва овози нотакрор дорад.
Ин қиёс ба устод Қутбӣ нафорид.
– Илтимос, бешармӣ нашавад, – гўён, ҷигот андохт.
– Чиҳо мегўед, – гапи ўро ҳазл пиндошта, хандид Н. – Наход ман дар ҳузури устоди худ бешармӣ кунам…
Вале қиёфаи устод тағйир ёфт.
– Кардед! Бешармӣ аз ин зиёд намешавад!– овозашро як парда баланд намуд ў.

пешина
аз 231
навбатӣ