Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Дуруст, ки фарзанди шашуми Ҳавасмоҳ низ духтар буд, вале чизи дигар мафкураи вайро такон дод– «дўстрўяки кабудчашм». Охир, духтари навзодаш айнан ҳамин хел буд.
Хуллас, моҳе набуд, ки аз каромот ва пешгўиҳои воқеъбинонаи коммунист Н. ба ваҷд наоему ҳисси ифтихор вуҷудамонро фаро нагирад. Ва агар бахт аз мо барнамегашту сарамон нохост ба санг намехўрд, эҳтимол, ин қадар мусибатзада намешудем. Аҷаб не, аз воқеъаҳои феврали соли 1991, гирдиҳамоиҳои дарозмуддати соли 1992 ва ҷанги нангини бародаркушӣ пешакӣ хабар меёфтем.
Вале, чунон ки мегўянд, тақдир бетадбир аст. Дар ҷамъомади охирини ҳизбӣ, ки аз фаъолият бозмондани КПСС эълом гардид, дар ботини вай боз табаддулот ба амл омада, қобилияти дурандешии ў заиф шуд. Ва дигар натавонист пешгўӣ кунад.
Воқиан, чашмони ў низ дар ҳамон маҷлис шира бастанд. Шояд аз он сабаб, ки онҳо аз манбаи нури худ– қарорҳои муҳими Партия ва ҳукумат маҳрум шуданд.
Албатта, ҳоло ҳам қарорҳо қабул мешаванд ва эҳтимол, баъзеи онҳо аз қарорҳои собиқа муҳимтар бошанд. Аммо гуфтан душвор аст: барои чӣ чашмони коммунист Н. дигар аз онҳо нур намегиранд.
Ба ҳар ҳол, тахмин задан мумкин: ё чашмони Н. аз кор баромадаанд, ё қарорҳои муҳими ҳозира «партав»
надоранд…
20. 11. 1996.
БО «ОҲ« ТАМОМ МЕШАВАД
Бо оҳангсози шинохта Фаттоҳ Одина суҳбат доштем.
Мавзўи суҳбат рафтору кирдори ношоями як зумра ашхоси бедарди соҳибмансаб буд, ки аз минбарҳои баланд доди ватанхоҳӣ мезаданд. Акаи Фаттоҳ аз беномусии ин тоифа ғам мехўрд ва дам ба дам оҳ мекашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё