Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Аз манбаи боэътимод?. . Фақат ба занҳо медодаанд ё…
Ҳайрат табассум кард.
– Не, ба мардони занмиҷоз ҳам медодаанд.
Ман бо тааҷҷуб ба ў нигаристам.
– Ин тавр бошад, барои чӣ бепарво нишастаӣ? О рав, ба рўйхати занон номи ҳардуямонро навис. Чунки мо ҳам чандон мард нестем. Яъне ту пири фартут, ман– бемор…
Ҳайрат ба аломати таҳсин калла ҷунбонд.
– Пешниҳоди олиҷаноб, лекин… бе иҷозати Саидалӣ намешавад. Вай мудир, яъне касе, ки дар мавридҳои зарурӣ метавонад ба мардони комил набудани мо– муҳаррирони шуъбааш кафолат диҳад.
Ин гап ҷон дошт, бедиранг аз ҷой хестем.
Саидалӣ Маъмур арзи моро шунида, каме пешона молиду гуфт, ки… имрўзҳо масъалаи пул дар воқеъ ҳам бисёр ҷиддист ва зуд рафта, дар рўйхат шомил шавем.
Мо пас гаштем.
– Истед, – паси сар хорид Саидалӣ. – Марди бепул оё мард аст?! Номи маро ҳам ба рўйхат нависед…
18– 19. 05. 1995.
ДЎF ЗАД
Ҳайрат Шанбезода сархаму бедимоғ аз дар даромад.
Имрўз ҳам ба мағоза нон наоварданд.
– Одам ду– се рўз нон нахўрад, албатта, хароб мешавад, – гуфт ў. Баъд якбора хушҳол гардида, ба навбат дасти ҳар кадоми Моро фишорид. – Муборак шавад!
Муборак шавад!. .
Аз кори ў ҳайрон шуда, пурсидем: ин табрикот ба чӣ муносибат аст?
– Имрўз маош мегиред.
– Маош?!– боварамон наомада, , гўшамонро най кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё