Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
АЗ РЎЗГОРИ БУЗУРГОН1
РОССИНИ
Охангсози шаҳир Россини чун иттилоъ ёфт, ки ҳокимони шаҳр ҳайкалашро гузоштан мехоҳанду бо ин мақсад маблағи зиёд ҷудо шудааст, гуфт:
– Бигзор ҳамин маблағро ба ман диҳанд. Ман ўҳдадор мешавам, ки ҳар рўз болои таҳкурсӣ баромада шинам…
НАПОЛЕОН
Вақте ба Наполеон хабар доданд, ки генерал Моро дар муҳорибаи навбатӣ низ мағлуб шуд, ў гуфт:
– Моро мисли нақора аст, яъне то назананд, садояш намебарояд.
ЭЙНШТЕЙН
Боре ў дар истгоҳи автобус, ки ба хонааш наздик буд, айнаки худро афтонд.
Ин дам духтараке омаду айнакро бардошта, ба ў дод.
Меҳри олим ба духтар тофта, миннатдорона табассум кард.
– Хеле меҳрубон будаӣ, ҳазор раҳмат, – гуфт. – Чӣ ном дорӣ?
– Ман Клара Эйнштейн, падарҷон!. .
Тарҷума ва таҳияи А. Маҳмадшоҳ.
БЕРНАРД ШОУ
Шоуро ба дуздӣ айбдор карданд. Гўё сужети пйесаи ў «Пигмаллион» аз романи Т. Смоллетт «Саргузашти Перегрин Пикл» гирфта шуда буд. Шоу ҷавоб навишт:
«Банда романҳои Смоллеттро дар овони ҷавонӣ хондаам ва бояд гуфт: онҳо ба ман писанд наомада буданд.
Вале аҷаб не баъзе лаҳзаҳои онҳо дар кадом як кунҷи хотирам «маҳфуз» буданду акнун рўи «об» баромаданд.
Ман мисли Шекспиру Молйер сужетҳои хубро бо фалсафаи шовианиву ғояҳои замонавӣ «пур» карда, дар ҳолатҳои дигар истифода мебарам. Чунон ки мегўянд, ягон чизи зери чархи кабуд нав нест ва яқинан Смоллетт ҳам ғояҳои хубро аз дигарон «қарз» кардааст!»
Дромнависе аз Бернард Шоу хоҳиш намуд, ки нахустнамоиши мазҳакааашро тамошо кунад. Вақте онҳо ба театр омаданд, дарбон пеши роҳи Шоуро гирифт ва шумо чипта надоред гуфта, ўро ба дарун роҳ надод.
Лозим омад, ки маъмурияти театр ба ин моҷаро дахолат намояд.
Намоишнома ба охир расид ва вақти баромадан аз театр Шоу ба кафи дарбон як фунт– стерлинг монда гуфт:
– Маро ба намоишнома роҳ надодани шумо аз рўи дилсўзӣ будааст!. .
ТИНТОРЕТТО
Рассоми итолиёвӣ Тинторетто аз як рафтори ходимаи куҳансоли худ хашмгин шуда, вайро ҷазои ғайриоддӣ дод, яъне сураташро дар радифи қотилони ангораи машҳури худ «Марги Стефании муқаддас» кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё