Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
АГАТА КРИСТИ
Боре яке аз мухлисони Агата Кристи тааҷҷуб мекунад.
– Барои чӣ нархи ду романи ҳаҷман якхелаи шумо гуногун аст?
– Ҳайрон нашавед, – ҷавоб медиҳад адиба. – Дар романе, ки қимматтар аст, шумораи мақтулон се нафар зиёд…
МАРЛЕН ДИТРИХ
Ҳунарвари машҳури синамо Марлен Дитрихро дар синни баркамолӣ ҳам таровати ҳусн напарида буд ва ҳаводорони зиёде дошт.
Боре ў дар бораи мухлисони худ гуфт:
– Онҳо тамошогарони мусобиқаи теннисро мемонанд. Фақат каллаи ҳаводорони теннис гоҳ ба чап раваду гоҳ ба рост, каллаи инҳо гоҳ аз боло поин мераваду гоҳ аз поин боло…
АЗ РЎЗГОРИ ТИЛХОРИҲО
БА МУНОСИБАТИ ИД
Мегўянд, арафаи иди май роҳбарон тасмим мегиранд хоҷагиҳои ноҳияро саросар бигарданд ва бубинанд:
омодагӣ ба ид чӣ гуна аст.
Дар аксар хоҷагиҳо кор мувофиқи талаб буд. Аз ин хурсанд шуданд роҳбарон. Вале чун ба Тилхор расиданд, дуд аз димоғашон баромад. Онҳо дафъатан пасупеш ва даруну беруни фермаро аз назар гузаронда, ягон чизи таскинбахш наёфтанд ва… шўриданд: «Ин чӣ гап? Мардуми тамоми олам дар ташвишу тараддуди истиқболи иди байналмилалӣ 1 май ҳастанду тилхориҳо…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё