Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
ПАЁМИ ЭЗОП
Гургҳо ва гўсфандон
Гургҳо мехостанд ба галаи гўсфандон ҳуҷум оранд, вале ин ба онҳо муяссар нагардид, зеро сагҳо галаро посбонӣ мекарданд. Он гоҳ гургҳо роҳи ҳила пеш гирфтанд ва вакилони хеш назди гўсфандон фиристоданд, бо чунин пешниҳод: боиси ноҷўрии мо сагҳоянд, агар онҳоро ба мо диҳед, байнамон сулҳу салоҳ хоҳад буд, дар асл мо ба шумо, гўсфандон, хусумате надорем.
Гўсфандон наандешиданд, ки замири ин пешниҳод макре ниҳон аст ва сагҳоро ба гургҳо доданд. Он гоҳ гургҳо бемамониат галаи беҳимояро ғорат намуданд.
Мазмун, давлатҳое, ки бе ҳеҷ муқобалат сарварони халқро аз даст медиҳанд, ҳамин тавр бедиранг тўъмаи душман хоҳанд шуд.
Гург ва асп
Гург дар саҳро гаштугузор дошт ва нохост чашмаш ба хўшаи ҷавдор афтид. Азбаски гург ҷавдор намехўрд, аз он рўй гардонду ба роҳи худ рафт. Дар роҳ ба ў асп дучор омад, гург вайро пеши ҷавдор бурда гуфт, ки ҳамин хўшаро ёфт, аммо нахўрда, ба ў, яъне асп, гузошт, зеро асп кумур– кумур карда ҷавдор мехўрад ва шунидани ин садо барояш ниҳоят гуворост. Асп инро шунида посух дод: «лутфи эшон зиёд, агар гургҳо ҷавдор мехўрданд, шумо ҳеҷ гоҳ роҳати гўштро аз фароғати шикам авло намедонистед».
Мазмун, ба одаме, ки табиатан бадахлоқ аст, бо вуҷуди ваъдаҳои бебаркаш доданаш, боварӣ нашояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё