Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
«– Вақти намоз садои тир баромад.
– Аз куҷо? Аз ҷониби куҳ?
– Не, аз телевизор…»
«– Шумо ба чанд даромадед, бобо?
– Ба наваду…Апчих! Астағфирулло!. . . се…»
«– Милисаҳо шаб омада, чӣ кор карданд?
– Ҳеҷ чӣ. Келинам дар хона набуд…»
«Маликаро дард гирифт. Дарди ҳамл. Баъди чанд
дақиқа… суруди нав таваллуд шуд».
«Ревизорро дида, оҳи сабук кашиданд. Вай танҳо меомад…»
«– Хайр, онҳо беиҷозат ба хонаатон даромаданд. Барои чӣ ба милиса хабар накардед?
– Чӣ хел? Охир, худи онҳо милиса буданд!. . »
«– Хола, шумо гуфторҳои радиоро гўш мекунед?
– Ҳа, бачем.
– Ба шумо кадоме аз онҳо бештар маъқул?
– Ҳамааш маъқул, бачем.
– Масалан?
– Масалан ҳам маъқул, бачем. Гуфтам– ку:
номаъқулаш нест…»
«Дўтони азиз! Ҳоло мо аз тариқи барномаи «Навоин»
чанд суруди кўҳна мешунавонем…»
«Суфраи гўш фаро доред ба ин суруд, ки «Бартанг»
ном дорад».
«Дастархон кушоед. «Корвони савту суруд» меҳмони
хонаи шумост».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё