Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Равшан Махсумзод, соли 2004

МАРДЕ БУД ҶАННАТӢ

Аз марги ў се моҳ сипарӣ шуд. Қаламро даст мегираму боз пас мегузорам. Намедонам , чӣ нависам. Андеша мекунам, ки кадомашро гўяму кадомашро не. Бори аввал ба чунин вазъ, баъд аз марги фарзандони баркамоли худ дучор шуда будам. Ин ҳолат имрўз такрор мешавад.
Аммо бояд нависам. Вагарна рўҳи покаш ҳар шаб ба хобам хоҳад даромад…
…Ману вай имсол бояд панҷоҳсола мешудем.
Аниқаш, ин рўзро ман дидаму аммо ба ў насиб накард…Аммо ў кисту ман кистам? Нафаре буд, ҳамвазн бо ҳамномҳои бузургаш– Аҳмад Зоҳир ва Аҳмадшоҳи Масъуд. Аммо дар ҷодаи худ. Бале Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ мутриби ханда буду лашкаркаши ҳаҷв. Ўро касе мисли ман намешинохт. Магар танҳо завҷаи меҳрубонаш Саодат, ки то охирин нафас бо меҳрубонии хосаю зебандае «домуллоҷон»– гўён ўро ба ҷаҳони абад гусел кард ва имрўз, вақте сухан аз «домуллоҷонаш» меравад, ашк аз дидагонаш лаҳзае дур намешавад. Албатта, ҳамаи инсонҳо мирандаанд. Аммо вақте кас дар овоне, ки орзуҳояш амалӣ мешаванду зиндагӣ маънои дигар пайдо мекунад, тарки дунё кунад, ба наздикону пайвандон ва дўстону ҳаводорон басо аламовар аст. Аламовар аст, аммо ислоҳнопазир...
…Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ дар тўли умри худ, ҳамагӣ 5 китоб навиштааст. Ман намедонам ин лиҳози миқдор кам аст ё зиёд. Аммо чизи дигарро ба хубӣ медонам, ки ин сафҳаи навест дар ҳаҷви тоҷик. Ў ду чизро дўст медошт.
Яке тасвиру ҳолатҳои аҷибу хандаовари зиндагии ҳаррўза ва дигаре тасвири рўҳияи қаҳрамононро аз «дохил». Яъне нигоҳи қаҳрамони «ғайримуқарариро» ба зиндагӣ ва психологии ў шарҳ медиҳанд. Қаҳрамони ҳикояҳои ҳаҷвии Аҳмадшоҳ мардуми ҳаётдўст, зиндадил ва хеле сода, аммо дар айни замон, соҳиби андешаҳои аз лиҳози маънӣ баландпоя мебошанд.

пешина
аз 231
навбатӣ