Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Аз иншо: «Забони «Fуломон»– и устод Айнӣ дар ибтидо ўзбекӣ буд».
Аз мақола: «…Мавиз қимат буд, ноилоҷ аз баҳри чанд Айниву Турсунзода баромадем…»
«Марги судхўр»– и Тоҳир Собиров бо марги ҳунарпешаи беҳтарини иоҷик – Зоҳир Дўстматов анҷомид…»
(Аз мақола)
Аз иншо: «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад!» – гуфт бо худ устод Рўдакӣ, баъд аз он ки кўраш намуданд.
Аз ҳикоя: «Бо исрори муаллифи адабиёт ба гузашта назар афканд ва. . аз ҳуш рафт. Охир, Насимиро зиндаву зор пўст мекарданд!. . »
(Ба гузашта назар афканду таппиши дилаш
номўътадил гардид: Охир, Темур аз калла манора месохт!. . )
ЗИНДА БУДАН КАМ АСТ
(Ҳикояҳои даҳонакӣ аз рўзгори адиби шаҳири тоҷик,
барандаи Ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ Саттор
Турсун.)
Дунё ҳама торик
Нависанда Равшани Ёрмуҳаммад доир ба китоби як ҳамқалами худ андеша меронд. Нохост овози ў ларзиду башаст аз ҷой хеста, дар ҳуҷра пасу пеш қадам задан гирифт. Акнун на фақат овозаш, балки китфонаш ҳам меларзиданд.
Аз байн фурсате нагузашта, аҷаб коре шуд. Вақте ў ба қаҳру зарб:
– Ин роман не, мағзоба! – гуфт, ҳамоно интиқоли барқ қатъ гардида, ҳуҷра дар тасарруфи торикӣ монд.
Як– ду дақиқа пас адиби фантаст Қулмуҳаммади Абдулҳусайн – равонаш шод бод! – аз дар сар халонда, ба Равшан чизе гуфтан хост. Саттор Турсун филҳол ангушт ба лаб бурд, яъне аз вай хоҳиш намуд, ки овоз набарорад.
– Барои чӣ? – ҳайрон шуд Қулмуҳаммад.
– Барои он, ки табъи Равшан хира…
Қулмуҳаммад яқин донистан хост, ки пурсид:
– Хайр, табъи Равшан хира бошад, чӣ мешавад?
Саттор Турсун ба чароғи шифт, ки акнун фурўзон буд, назарее афканда, оҳ кашид:
– Дунё ҳама торик…
Боз моҷаро кардем
Якҷоя ба Иноят Насриддин ба дидори Саттор Турсун
рафтем. Вай дар хонааш будааст. Моро хушҳол истиқбол карда, гуфт, ки аҷаб бамаврид омадем, – охир, қаҳваи олиҷаноб дорад ва онро танҳо нўшидан гуноҳ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё