Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Барои чӣ?
– Барои он, ки суратгир сурати ваъдагиро наовардааст ва ў бе сурат наметавонад шумораи навбатиро ба чоп супорад.
Устод Миршакар андешамандона пешона мемолад.
– Ин тавр бошад, зуд ягон суратгира ёб. Моро паҳлу ба паҳлу сурат афтонад, акси хандаовартарин ҳосил мешавад…
2 Файзулло Ёдгор аз ашъори тозаи худ як намуна ба чоп медиҳад. Ҳангоми кашидани тарҳи шумора, котиби масъул шеърро мегардонад.
– Бисёр дароз асту дар саҳифа намеғунҷад. Кўтоҳ кунед.
– Не, – розӣ намешавад Файзулло Ёдгор. – Кўтоҳ кунам, чавҳарии сухан мекоҳад.
Якравии ў ба котиби масъул намефорад.
– Шумо чопи шеъратонро мехоҳед ё не?– бо қаҳр мепурсад.
Файзулло низ паст намеояд.
– Мехоҳам, вале кўтоҳ намекунам!. .
Хуллас, баҳси онҳо тўл мекашад ва аз Мирсаид Миршакар– узви ҳайати таҳририяи маҷалла– хоҳиш менамоянд: дар ҳалли ин муаммо ёрӣ расонад.
Устод Миршакар, баъди бодиққат мутолиа кардани шеър мегўяд:
– Файзулло шеърат хуб аст ва аз андак ихтисор бад нахоҳад шуд он. – Сипас лабонаш аз табассум ширин мешаванд. – Лекин аз ман як насиҳат. Минбаъд қомати маро неву қадами худата пеши назар оварда, шеър навис…
3– 4. 06. 1995.
ОЁ САГ НАГАЗИД?
Як бегоҳ рўзноманигор Н. ба хона омада, бесабаб мағал мебардорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё