Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ гуфтед? Чашматон…
– Ҳа, – бехабар аз нияти «бад»– ў даст ба айнак бурда, соддаҳолона иқрор гардид адиб. – Ин дурўғ нест.
Дар воқеъ ҳам, китобро дида, чашмҳои хираам якбора равшан шуданд.
Ҳайрат шояд аз шиддати ханда гулў афшонд.
– Чашматон равшан шуда бошад, номашро чӣ мондед?.
23. 06. 1995.

МАН НАХОНДААМ

Ҳоҷӣ Мурод шумораи тозаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»– ро аз назар гузаронда, гуфт:
– Ҳикояи Равшан чоп шудааст. Онро бояд хонд.
Дар ҳақиқат, дар бахши насри ҳафтанома ҳикояи ҳаҷман калони адиби ҷавон Равшани Ёрмуҳаммад ба табъ расида буд. Акнун ба мутолиаи он шурўъ карда будам, ки Ҳайрат Шанбезода ба суроғи ҳафтанома омад ва «ҳозир меорам» гўён, онро аз дастам гирифту дигар барнагардонд.
Рўзи дигар бо Ҳоҷӣ Мурод ба ошхона мерафтам, ки Равшан аз пешамон баромад. Ўро ба нашри асараш табрик кардем.
Равшан, албатта, хурсанд шуд ва донистан хост: навиштааш ба мо писанд омадааст ё не.
– Ҳикояи хуб аст, – гуфт Ҳоҷӣ, – вале забонаш намешавад. Калимаҳои туркиро фаровон ба кор бурдаӣ. Аз ин сабаб, ҳусни забон костааст.
Равшан дам назад, вале… баъди пешин ба нашриёт телефон карда, аз Ҳоҷӣ Мурод пурсон шуд. Гуфтем, ки чанд дақиқа қабл аз ин ногаҳон тоби Ҳоҷӣ гурехту ба хонааш рафт. Чӣ, ба вай ягон кори зарур доштӣ?
Рапвшан лаҳзае сукут кард.
– Не, фақат…Бовар кун, ба идора омада пай дар пай чанд бор хондам ҳикояамро. Вале ба ягон калимаи туркӣ дучор наомадам. Донистан мехостам, барои чӣ Ҳоҷӣ ин тавр гуфт…

пешина
аз 231
навбатӣ