Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳайрат Шанбезода гуфт:
– Ин кас гўгирд надоранд…партофтанд.
– Партофтанд? – ҳайрон шуд пурсанда. Зеро дар дасти Н. ҳам нимсўхтаи сигарета буд. – Чиро?
Ҳайрат табассум кард.
– Алавмониро!
27. 08. 1995.

БА АЁДАТ МЕРАФТАМ

Арбоб Вадуд аз мураххасӣ бармегардад.
– Рафтем ба беморхона, – мегўяд Гурез Сафар. – Аз ҳоли Аҳмадшоҳ хабар мегирем.
– Чӣ, вай бемор аст? –мепурсад Арбоб ва баъд пешона мемолад. – Медонӣ, ман ба аёдати вай намеравам. Зеро ҳамаи онҳое, ки бемори вазнин буданду ман ба хабаргириашон рафтам, мурдаанд. Ман намехоҳам, ки Аҳмадшоҳ…
Хуллас, Гурез он рўз танҳо ба бемористон омаду саломи Арбоб Вадудро расонд ва сабаби ба аёдат наомаданашро ҳам гуфт. Лутфи вай ба ман хуш омад, ҳарду базавқ хандидем.
Аз беморхона ҷавоб шуда, чанд моҳ дар хона табобат гирифтам. Ниҳоят аҳволам беҳтар гардиду аз нав ба кор сар кардам. Арбоб Вадуд ба назар наменамуд, ҳамкорон гуфтанд, ки вай аз нашриёт рафт ва ҳоло дар зодгоҳаш кору зиндагӣ мекунад.
Аз байн ду– се сол гузашт. Дар ин муддат аз рўзгори ноширон як силсила ҳикояҳои воқеӣ ба табъ расондам.
«Қаҳрамон»– и баъзеи онҳо Арбоб Вадуд буд.
Ҳикояҳо ба Арббоб Вадуд писанд омаданд, фақат баъзеи онҳо… Боре вай ба нашриёт омада гуфт, ки… дар навиштаҳоям баъзан аз рўи ҳақиқат кор нагирифтаам, яъне масхарабозӣ кардаам.
Сипас бо «қаҳр» афзуд:
– Агар медонистам, ки як рўз не, як рўз ин хел масхарабозӣ мекунӣ, вақти дар беморхона будан ба аёдатат мерафтам!. .

пешина
аз 231
навбатӣ