Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устод оҳи бадард кашид, яъне вай аз афтидан сахт метарсад, зеро дар Иттиҳодияи нависандагон касе нест, ки ўро бардошта тавонад. Турсунзода, охир, вафот кардаанд!. .
17. 12. 1995.

ЧИЗЕ НАМЕРАСАД

Шеърҳои шоира Ситора дар рўзнома чоп шуданд.
Ҳайрат Шанбезода онҳоро хонду гуфт:
– Шеърҳои бад нестанд, байтҳои хуби шоирона доранд. Лекин ба онҳо чизе намерасад…
– Чӣ намерасад?– донистан хостем мо.
Устод Қутбӣ, ки шаб дар базме иштирок дошту ҳоло илоҷи дарди сарро намеёфт, ба Ҳайрат фурсати ҷавоб надода гуфт:
– Чор ситораи дигар!
17. 12. 1995.

КӢ БОИНСОФТАР?

Он вақт як дона тухм ду сўм буд. Ҳайрат Шанбезода ба онҳое, ки ақидаҳои демократӣ доштанду беибо коммунистонро наҳ мезаданд, рў овард, гуфт:
– Шояд гапҳоятон дуруст бошад. Лекин, биёед, мебинем: кӣ баинсофтар аст. Шумо демократҳо як тухмро ду сўм мефурўшед, мо– коммунистон ба ин миқдор пул як мурғ медодем!. .
17. 12. 1995.

МУРДА БУДАМ

Падари шоир Н. ба шаҳр меояд. Рўзи дигар падару писар ба аёдати кадом як хеши беморашон ба беморхона мераванд.
Ин воқиа дар роҳ рўй медиҳад:

пешина
аз 231
навбатӣ