Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Барои чӣ?– донистан мехоҳад Ансор.
– Барои он, ки валидол ё ягон доруи дигари таскинбахш надорам.
Аз гапи Н. ҳайрати Ансор меафзояд.
– Дору? Шукр, дили ман ҳоло бақувват асту ба ҳеҷ гуна дору эҳтиёҷ надорам.
Н. табассум мекунад.
– Дору ба ту не, ба ман лозим. Раваду ту соддагӣ карда даъвати маро қабул намоӣ, аҳволи мани бемор бад хоҳад шуд. Охир, дар хона як пора нони дар пеши меҳмон мемондагӣ нест…
13. 01. 1996.
FАРҚ КУНЕД
Ин воқиа дар ҳуҷраи кори додситони яке аз ноҳияи Душанбешаҳр рўй дод.
Ҳангоми суҳбат нафаре аз як ғазали Лоиқ– шоири шўридадили ошиқи дарё байте хонд, ки ба маврид бисёр мувофиқ буд. Ҳозирон шефтаи маҳорати сухангустарии шоир гардида, донистан хостанд: ин байти хуб моли кист ва баъд изҳори ифтихор намуданд, яъне мо, тоҷикон хушбахт ҳастем, ки чунин як шоири дилогоҳ дорем.
Ранги дигар гирифтани суҳбат аз чӣ бошад, ба Н. нафорид ва гуфт, ки худро беҳуда фанд надиҳем. Лоиқ шоири хуб аст, аммо ғазалҳояш кирои таъриф нестанд.
Ҳозирон аз чунин изҳороти ғайримунтазира гаранг шуда, бо тааҷҷуб ба якдигар нигаристанд. Ҳайрати онҳо, албатта, сабаб дошт. Аввалан, Н. Ҳамдеҳаи шоир буд. Сониян, вай ҳамеша лофи сухансанҷӣ мезад ва мебоист донад: дар эҷодиёти Лоиқ ғазал мавқеи воло дораду аксар ғазалҳои шоир кирои таърифанд.
Изҳори норизоии аҳли суҳбат Н. – ро таҷанг сохт, – вай барои исботи даъво суханҳои бесару нўг гуфта, далелҳои беасос меовард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё