Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Дар ҳақиқат, қаблан ҳам на як бору ду бор санҷида будем қувваи ҳофизаи маро. Бинобар ин, баҳонаи дигаре наёфта, забон хоидам. Аз ин Музаффар шод шуд.
– Дар ғалладони мизи Зоя (муҳосиби нашриёт) ним шиша «Экстра» ҳаст, – китоби нави шоир Н. – ро дар пешам монд ў. – Базмро бо ҳамон сар мекунем…
Рўзи дигар қариби соати панҷ телефон занг зад.
Гўшакро бардорам– Музаффар, ў маро ба ҳуҷраи кори Н. даъват мекард.
Ноилоҷ қаламу коғази рўи мизро ғундоштам.
Чамоат аллакай ҷамъ буд, ҳамкосаҳо нўги бинӣ суп– сурх дилаки лимў мемакиданд.
Музаффар сари тахтаи шоҳмот буд, бо оҳувоҳи сохта бозиро ба Н. мебохт. Ниҳоят ў мот шуд ва Н. ғолибона вазн ба муттакои курсӣ партофта, гуфтанд: «следующий!»
Музаффар номаълум чашмак зад– «Сар кун!» Ман бо тааҷҷуб ба Н. нигаристам, яъне ин базм ба ягон муносибат аст?
– Не, – гуфтанд он кас, – Музаффар дер боз заҳри мағлубият начашида будааст, хостем ду– се навбат шоҳмот бозида, хуморашро шиканем.
– Ин тавр бошад, – тугмаи гиребони куртаамро кушода, гулў афшондам– иҷозат диҳед, қабл аз базм навбати нўшбод гўям?
– Кошкӣ, – барои чӣ бошад, бо дастрўмол шишаи айнакашонро тоза карданд Н. – Қоида, аз нўшбод арақи талх асал барин ширин мешавад.
– Рост, – ба якдигар нигариста, даҳон тамъ заданд ҳамсояҳо. – Ширин мешавад.
Ман шаф– шаф нагуфта, якбора аз китобе, ки дирўз Музаффар дода буд, чанд пора шеър хондам. Албатта, аз ёд. Мазмуни он пораҳо чунин буд: нанги мағлубӣ гарон бошад, зафар бояд намуд.
Н. шояд чашмдори чунин «нўшбод» набуданд, ки лаҳзае кунду карахт шуда, қуввати гуфтор наёфтанд. Вале баъд… аз бағалкиса пул бароварда, ба Музаффар гуфтанд: зуд ба мағоза раваду як шиша арақ биёрад.
– Барои чӣ?– «ҳайрон» шуд ў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё