Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар силоҳашро истисно кунем, вай ба ҳақиқат хеле монанд буд.
Вақте ки духтурон пас аз ташхис гирифтори бемории қанд шудани ӯро собит сохтанд, баъзан аз бедавоии ин бемории вазнин гап кушода мегуфт: Аз падарам ба бародаронам хонаю дар ва ҳар гуна ашё мерос монд. Ба ман танҳо ҳамин бемории қандашон расид.
Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ ба қавли устоди насри ҷаҳонӣ Эрнест Хемингуэй – «Ҳаёт аслан фоҷиаест, ки оқибаташ қаблан муқаррар шудааст», гуфта буд, - яъне зудгузар будани ин дунёи фониро сари вақт дарк намуда, пайваста дар ҳаҷвияҳояш инсонҳоеро, ки ба чоплусию муғамбирӣ ва дурӯғзанӣ мехоҳанд зиндагиро фиреб диҳанду шиори зисташон – ман мезиям то бихӯрамро амалӣ гардонанд, мазаммат мекард. Вай маънии ҳаётро танҳо дар одамгарӣ медид ва барои талқини ин андешаи муҳим сидқан қалам меронд, заҳмат мекашид. Вижагиҳои эҷодиёти ӯ, мақомаш дар адабиёти муосири тоҷик, хоса ҳаҷвнигорӣ то имрӯз аз ҷониби адабиётшиносону мунаққидон таҳқиқ нашудааст. Мо умед дорем, ки ин кор рӯзе ба анҷом мерасад, зеро навиштаҳои Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳи зиндаёд лоиқи омӯзиш ва таҳқиқ аст.

Равшан Махсумзод

пешина
аз 231
навбатӣ